Дар замони ҷавонии мо тӯйҳои арӯсӣ дурӯза буданд. Рӯзи аввалро иҷоб мегуфтанд ва рӯзи дуюм — мардумро ба наҳор хабар карда, ош медоданд. Баъди гузаштани се-чор рӯз ё як ҳафта падари арӯс тарафи қудоро ба маъракаи «талбон» («талбак») даъват мекард. Ҳамон солҳо пешу қафо ҳамсинфон ва ҷӯраҳо хонадор мешуданд. Ман дар таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар вазифаи муҳаррири техникӣ фаъолият мебурдам. Пагоҳии рӯзи чоршанбе аз истгоҳи маҳаллаи Қавчинон то шаҳр бо мошини «Москвич»- и ҷӯраам Нуриддин омадам. Ӯ ваъда дод, ки баъди анҷоми кор наздам меояд ва мо якҷоя ба талбон меравем.
Дар утоқи кории котибот бо Ӯктам Иброҳимов тарҳи шумораи навбатиро кашида, маводро ҷо ба ҷо кардем.
— Комил, папкаи захиравиро гиред, — гуфтанд котиби масъул, — як аз назар гузаронем, мабодо материалҳо кӯҳна нашаванд.
Соати корӣ ба охир мерасид ва ман мехостам тезтар равам. Ноилоҷ аз ғалладони миз папкаро гирифта, материалҳоро як-як аз назар мегузарондем, ки дари хона кушода шуд.
— Бори дигар ассалому алайкум, мондаҳои кор, — гуфта сармуҳаррир Нор Остонзода даромаданд.
Мо аз ҷой хестем.
— Муаллим, ҳозир наздатон макети шумораи навбатиро бурдани будам, — гуфтанд Ӯктамака.
— Худам омада, роҳкироятонро хеле сарфа кардам, — хандиданд Остонзода.
Ҳамин вақт дари утоқро кушода ҷӯраам Нуриддин даромад. Ӯ аз ин пеш ҳам ду-се бор омада буд. Ӯ дарро тақ-тақ ҳам накард, иҷозати даромадан ҳам напурсид.
— Сомайкӯм, ҳорманг, — Нуриддин бо моён даст дода вохӯрӣ кард.
Аз ин Остонзода эрод гирифта гуфтанд:
— Худатон ба дидан як йигити биноӣ барин. Ассалому алайкум гуфтан, ин одоби саломдиҳӣ мебошад. Баъд ҳорманг нею, мондаҳои кор ё монда набошед, гуфтан даркор.
— Хӯш, хӯш, — гӯён Нуриддин назди дар рафт. — Тезтар баро, ман дар пеши мошин меистам.
Вақте ки аз роҳбарон иҷозат гирифта, баромада ба сабукрав нишастам, ӯ пурсид:
— Ин марди қаддарози «ренҷер» кӣ? Муаллимон ба ман ин қадар лексия нахонда буданд.
— Сармуҳаррир.
— А, редактори газит-мӣ?
— Газит не. То ҳол ҳеҷ касро нагазидааст. Остонзода — сармуҳаррири рӯзнома.
— Ду минут даромадам, як олам гап зад. Ба шумо коргарҳо қийин будааст.
— Минут не, ба тоҷикӣ дақиқа мешавад. Қийин нею — душвор гӯй.
— Э-э-э, — гӯён хандида ба китфам зад Нуриддин. — Тубаям шамоли «редактор» задааст.
Комил ҶӮРАЗОДА
«Шамоли редактор задааст…»
