Ovozi.uz

Бозори меҳнат ба чӣ гуна касбҳо эҳтиёҷ дорад?

Дар шаҳри Самарқанд Форуми инноватсионии интегратсияи кордиҳандагону таълимдиҳандагон баргузор гардид.
Дар он роҳбарони муассисаҳои таълими олӣ, кордиҳандагон ва донишомӯзони коллеҷу мактабҳои касбу ҳунарӣ иштирок карданд.
— Ба марҳилаи нав баровардани сохтори таълими касбӣ, ҷорӣ намудани дастурҳои таълимӣ дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ, омодасозии мутахассисони соҳибтаҷриба ба бозори меҳнат ва ташкил намудани ҷараёни дарс дар асоси талаботи кордиҳанда аз мақсадҳои асосии имрӯз ба шумор мераванд, — гуфт сарвари Садорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳои вилояти Самарқанд Азиз Насимов. — Тараққиёти фаннӣ ва техникӣ дар назди муассисаҳои таълими касбӣ талаб мегузорад, ки ба сифати таълим эътибор диҳанд ва бо назардошти эҳтиёҷоти бозори меҳнат кадрҳои соҳибтаҷрибаро омода намоянд. Дар ин ҷода ба роҳ мондани ҳамкории кордиҳандагон ва муассисаҳои таълимие, ки мутахассисони сатҳи миёнаро омода менамоянд, хеле муҳим аст. Форум бо ҳамин мақсад ташкил гардид.
Дар ҷараёни форум тақдимоти касбҳое, ки дар муассисаҳои таълимии касбӣ омӯзонида мешаванд, гузаронида шуда, донишомӯзон аз рӯи касби ояндаи худ маҳораташонро нишон доданд.
Мувофиқи маълумоти иштирокдорони чорабинӣ, дар кишварҳои Олмон, Англия, Ҷопон ва як қатор давлатҳои дигар ба касбҳои техникии электрик, пайвандгар, чилангар ва касбҳои хидмати маишӣ, меҳмонхона, сайёҳӣ ва ғайра талаб зиёд аст. Аз ҷумла, дар Олмон 562 ҳазор ҷои холии корӣ мавҷуд будааст.
Дар доираи форум ҷамъомади шӯрои назди ҳокимияти вилояти Самарқанд гузаронида шуд. Дар он ҷонишини якуми ҳокими вилоят Фирӯз Абилов, сарвари Департаменти рушди сохтори таълими касбии Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо Ӯткир Алиҷонов, директори Донишкадаи тадқиқотҳои бозори меҳнат Муродулло Холмуҳаммадов роҷеъ ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои сатҳи миёна, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ меоянд, ҳарф заданд.
Ғайр аз ин, доир ба ташкили самараноки таълими дуалӣ миёни муассисаҳои таълимии касбӣ ва кордиҳандагон созишномаҳо ба имзо расид.