Дар вилоят дар асоси барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон 2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» барномаи чорабиниҳо иборат аз 46 мақсад ва 89 вазифа тасдиқ шудааст.
Аз ҷумла, самти сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ аз 10 мақсад ва 25 вазифа иборат аст.
Яке аз самтҳои калонтарини барнома соҳаи таълим буда, имсол дар вилоят реконструксияи 90 мактаб ва аз нав бунёд кардани 4 мактаби ҳамагонӣ дар назар аст ва ҳоло дар тамоми объектҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд. Бо мақсади ба тариқи таҷриба-санҷиш роҳандозӣ кардани тартиби нави баҳодиҳии дониш дар муассисаҳои таълими умумӣ 68 мактаб интихоб гардида, имсол теъдоди умумии онҳо ба 204 то расонида мешавад. Маҳз бо мақсади мутобиқсозии сифати таълим дар мактабҳое, ки системаи нав ҷорӣ гардидаанд, аз тарафи услубшиносони муассисаҳои ихтисосонидаи таълимӣ ва шӯъбаи хидматрасонии методии Маркази миллии бозомӯзии методҳои нав ба педагогҳои вилояти Самарқанд семинар-тренингҳо гузаронида мешаванд. Инчунин, барои бозомӯзии таҷриба ба омӯзгорони мактабҳое, ки роҳандозии системаи нави баҳодиҳӣ пешбинӣ шудааст, ҷонишинони директор ва омӯзгорони ботаҷрибаи мактабҳое, ки дар соли 2023 ба ин система гузаштаанд, вобаста гардидаанд.
Аз рӯйи бозомӯзии касбу ҳунар ба донишомӯзони мактабҳои таълими умумӣ, ки аз тарафи Сарвари давлатамон писандида шуда, ба сифати «таҷрибаи Оқдарё» қабул гардид, аз ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят панҷтоӣ, дар маҷмӯъ дар 80 мактаб ин амалиёт ба роҳ монда шуд. Барои ин онҳо бо асбобу анҷом, таҷҳизот ва ашёи хоми зарурӣ таъмин мегарданд. Дар ин мактабҳо фаъолияти 292 маҳфил роҳандозӣ гардида, ба беш аз 3900 нафар донишомӯзони синфи даҳум аз рӯйи 14 самт касбу ҳунар омӯхта мешавад. Аз оғози соли нави таҳсил боз дар 80 мактаб дар 24 самт бозомӯзии касбу ҳунар ба нақша гирифта шудааст ва дар вилоят ба беш аз 15300 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11 касбу ҳунар омӯзонида хоҳад шуд. Ғайр аз ин, аз соли таҳсили гузашта дар 16 мактаб ба сифати забони хориҷии дуввум бозомӯзии забонҳои немисӣ, франсузӣ, японӣ ва корейсӣ роҳандозӣ гардида буд. Имсол боз ҳам зиёд кардани теъдоди чунин мактабҳо, ки забони хориҷии дуввум омӯхта мешавад, дар назар аст.
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташаккули маданияти хӯрокхӯрии дуруст дар байни аҳолӣ, пешгирии бемориҳои хатарнок ва саривақтӣ аниқ кардани онҳо корҳои зиёди профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ амалӣ мегарданд.
Аз ҷумла, дар панҷ моҳи аввали соли равон бо мақсади саривақтӣ аниқ кардани бемориҳо 128 ҳазор нафар бонувон ба касалии ғадуди сина ва қариб 11700 нафар занон ба саратони гарданаки бачадон аз санҷиши скрининг гузаронида шуданд. Дар асоси натиҷаи санҷиш дар 1100 нафар бемор аломатҳо ва дар 88 нафар бемории саратон аниқ гардида, чораҳои табобатӣ андешида шуданд. То анҷоми сол барои ин намуди бемориҳо аз скрининг гузаронидани боз 585 ҳазор нафар бонувон ба нақша гирифтанд.
Дар асоси чорабиниҳои барнома бо мақсади пурзӯр намудани кафолати ҳуқуқҳои муроҷиати шахсони ногироидошта ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо рӯйхати 3256 нафар шахсони ногироидошта, ки бо забони имову ишора мулоқот мекунанд, таҳия гардида, ба Марказҳои хидмати иҷтимоии «Инсон»-и шаҳру ноҳияҳо фиристода шуданд. Дар муддати сипаришудаи соли ҷорӣ ба 1201 нафар шахсони бо забони имову ишора мулоқоткунанда хидмати сурдо-тарҷумон расонида шуд. То анҷоми сол бо хидмати сурдо-тарҷумон пурра фаро гирифтани ин тоифаи ногироён дар назар аст. Ғайр аз ин, бо мақсади фароҳам овардани шарту шароит ва муҳит баҳри муроҷиати шахсони ногироидошта ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба ногироён мутобиқ намудани 35 чорроҳа, 17 кӯчаи марказӣ ва 50 объекти соҳаи иҷтимоӣ муқаррар гардидааст. Ҳоло як кӯча ва чорроҳаи шаҳри Самарқанд ба шахсони ногироидошта мутобиқ гардонида шудааст.
Имсол бо мақсади пурзӯрсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва кам кардани сатҳи бекории ҷавонон, бо кор таъмин кардани 45 ҳазор нафар ҷавонон дар назар аст. Аз оғози сол беш аз 25 ҳазор нафар писару духтарон бо кор таъмин гардиданд.
Бахусус, 1512 нафар ҷавонони бекор соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд, ба 2029 нафар касбу ҳунар омӯхтанд, ба 406 нафар субсидия ва ба 17231 нафар замин ҷудо карданд. Ба 1917 нафар ҷавонон кредит тақдим ва барои оғози фаъолияти тадбиркорӣ имконият фароҳам гардид.
Дар натиҷаи барӯйхатгирӣ дар маҳаллаҳо 14418 нафар ҷавонони тоифаи «вазнин» аниқ гардида, бо мақсади аз рӯйи сохтори муайян омӯхтан ва мусбӣ ҳал кардани мушкилоти онҳо ба 735 нафар роҳбарон вобаста карда шуданд. То ҳол ба 3442 нафари ин ҷавонон дар самтҳои гуногун ёрӣ расониданд.
Ғайр аз ин, ба 10600 нафар ҷавонон, ки дар «Дафтари ҷавонон»-и маҳаллаҳо сабти ном шудаанд, кӯмакҳои гуногун расониданд, дар натиҷа 5100 нафари онҳо аз дафтарҳо бароварда шуданд. То анҷоми сол боз 10 ҳазор нафар ҷавононро ба дафтари иҷтимоӣ ворид карда, ба онҳо расонидани ёрии амалӣ дар назар аст.
Инчунин, иштироки ҷавонони вилоят дар чорабиниҳои «Олимпиадаи панҷ ташаббус» низ сол то сол меафзояд. Имсол дар ин мусобиқа аз 1126 маҳаллаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 27 фоизи ҷавонони 10–30 сола фаъол иштирок доранд. Онҳо дар мусобиқаҳо аз рӯйи 12 намуди варзиш ва 5 навъи параварзиш ширкат менамоянд.
Бо як сухан, идора ва роҳбарони мутасаддӣ барои саривақтӣ ва босифат иҷро кардани вазифаҳои барномаи давлатӣ дар вилоят бо дарки масъулият ба таври шоиста фаъолият пеш мебаранд.
Ҳусайн ТӮХТАЕВ,
ҷонишини ҳокими вилоят роҷеъ ба сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ
