Ҳайати намояндагони Созмони байналмилалии меҳнат, ки бо сарварии Сардиректори он Ҷилбер Унгбо барои иштирок дар конференсияи байналмилалии «Дар Ӯзбекистон қавӣ намудани тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ ба воситаи ҳамоҳангсозии шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ» ба диёрамон ташриф оварда буд, рӯзи 10‑уми июл дар Самарқанд шуд.
Меҳмононро дар вокзали роҳи оҳани Самарқанд ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ф. Абилов пешвоз гирифт. Ҳайати намояндагон шиносоӣ бо Самарқандро аз корхонаи хориҷии дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Samarkand Apparel» оғоз кард. Корхонаи мазкур бо истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ ва дӯзандагӣ машғул буда, фаъолияти худро соли 2013 оғоз намудааст.
Меҳмонон бо фаъолияти корхона, аз ҷумла, маҳсулоте, ки дар ин ҷо истеҳсол карда мешавад, шароитҳои барои ходимон фароҳамоварда аз наздик шинос шуда, бо коргарон сӯҳбат карданд.
Ҳайати намояндагон дар давоми ташриф аз маҳаллаи Девори кӯндаланги шаҳри Самарқанд дидан кард. Дар ҷараёни вохӯрӣ бо вакилони «ҳафтгона»-и маҳалла роҷеъ ба вазифаҳои онҳо, таъмини шуғли аҳолӣ дар маҳалла, корҳое, ки барои омӯзондани касбу ҳунар ба бекорон амалӣ мешаванд, маълумоти батафсил дода шуд.
Вакилони Созмони байналмилалии меҳнат дар ҶММ «Aziza Bakery» низ шуданд, ки дар маҳалла бо тайёр намудани шириниҳо машғул аст. Дар ин ҷо понздаҳ нафар ҷавонон ва зан-духтарони маҳалла бо кор таъмин гардидаанд.
— Вақте бо барномаи ташрифамон шинос шудам, дар он маҳалларо дида, дар ҳайрат афтодам, — гуфт ҷаноби Ҷилбер Унгбо. — Аммо дар маҳалла бо ходимони он бевосита мулоқот ва роҷеъ ба фаъолияти онҳо тасаввур пайдо карда, аз ин хеле мамнун шудам.
Агар гӯям, ки муаммои хоҳ иҷтимоӣ, хоҳ иқтисодӣ бошад, дар маҳалла ҳал кардани онро омӯхтан таҷрибаи ба оммавӣ намудан арзанда аст, хато намекунам. Дар маҳалла фароҳам овардани шароити омӯхтани касбу ҳунар, меҳнат кардан имрӯз ҳалли бисёр муаммоҳои ин самт мешавад. Ғайр аз ин эътиборе, ки дар маҳалла ба пос доштани расму оинҳои миллӣ ва бардавомии анъанаҳо нигаронида шудаанд, диққати моро ба худ кашид. Бамаслиҳат бо иштироки пиронсолон ҳал намудани муаммоҳои маҳалла низ таҷрибаи хуб аст. Умуман, анъана роҷеъ ба эҳтироми пиронсолон ва додани эътибор ба ҷавонон ба ман хеле писанд омад. Сӯҳбат бо нурониёни маҳалла дар атрофи дастархон, иштирок дар кашидани таоми миллии палав воқеаест, ки як умр дар ёд хоҳад монд.
Хулоса, босамар ташкил намудани фаъолияти маҳалла, дар сохтор роҳандозӣ кардани масъалаи шуғл ба муносибатҳои меҳнатӣ пурра мувофиқ меоянд.
Алишер ИСРОИЛОВ.
