Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи Абрешим» нахустин симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами омӯзиш ва ҳифзи мероси моддии фарҳангии Роҳи абрешим» баргузор гардид.
Дар анҷумани мазкур, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва Донишкадаи байналмилалии тадқиқотии «Роҳи абрешим» баргузор шуд, реставратор (таъмиргар)-ону олимони қариб 20 кишвари ҷаҳон, коршиносони соҳаи меъморӣ оид ба таҳқиқу тармими мероси моддию фарҳангии Роҳи абрешим таҷриба меомезанд.
Дар ифтитоҳи анҷуман роҳбари намояндагии ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон Сара Ношади, проректори якуми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» Дилмурод Насимов, директори Донишкадаи байналмилалии тадқиқотии «Роҳи абрешим» Мавлуда Юсуфова ба кори симпозиум муваффақият таманно намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар кишвари мо 8210 объекти ғайриманқули мероси моддию фарҳангӣ таҳти ҳимояи давлат гирифта шудааст, ки аз ин шумора 4788-тоаш бостоншиносӣ, 2265-тоаш иншооти меъморӣ, 625-тоаш асарҳои монументалии санъат, 530-тоаш аттраксионҳо мебошанд. Таъмири иншооти мероси фарҳангӣ як раванди хеле нозук буда, ба корҳои таъмиру барқарорсозии онҳо мутахассисони коршинос, яъне ҳунармандони бомаҳорати халқӣ, устозодаҳои босалоҳияти айнан самти миллӣ ва мутахассисони хориҷӣ ҷалб шудаанд.
— Самарқанд бо таърихи дуру дароз ва ёдгориҳои чандинасраи меъмории худ сайқали рӯи ҷаҳон мебошад, — гуфт Сара Ношади. — Барои ҳамин ҳам, мо дар шаҳри кӯҳанбунёд аввалин симпозиуми байналхалқиро ташкил кардем. Дар ин анҷуман коршиносон таҷрибаи ҳифз, барқарорсозӣ ва осорхонасозии ёдгориҳои меъморӣ ва бостоншиносӣ, инчунин усулҳои муосири ҳифз ва оммавӣ гардонидани мероси моддии фарҳангии кишварҳоро баррасӣ намуда, лоиҳаҳои беҳтаринро барои ҳифзи мероси фарҳангии кишварҳое, ки аз онҳо Роҳи абрешим мегузарад, қарор доштаро дар амал татбиқ мекунанд.
Дар ҷараёни анҷуман дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» шӯъбаи сайёҳии устувори мероси ЮНЕСКО дар Роҳи абрешим ифтитоҳ ёфт.
— Мақсад аз ташкили ин кафедра ҳифзи мероси моддии фарҳангии Роҳи абрешим, аз ҷумла объектҳои мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ дар кишвари мо ва густариши нишондиҳандаҳои сайёҳӣ мебошад, — гуфт ҳамраиси ин кафедра, доктори фалсафа оид ба илмҳои таърих, дотсент Мастура Сиддиқова — Ҳамчунин, зиёд шудани ҷараёни омадани сайёҳон ба кишвари мо, дар ҳамкорӣ бо профессорону омӯзгорони донишгоҳҳои байналмилалӣ омода кардани кадрҳо, амалӣ кардани лоиҳаҳои грантӣ ва зиёд намудани маҳсулоти сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Конфронс ду рӯз идома карда, олимон оид ба барқарорсозӣ ва нигоҳдории мероси фарҳангии Роҳи Абрешим, санъати тасвирӣ ва ороишӣ табодули таҷриба мекунанд.
