Барнома пас аз муҳокимаҳои яксолина аз ҷониби коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ қабул гардид.
Ба ҳуҷҷати мазкур амалиётҳои клиникии байналмилалӣ асос шудааст. Дар ҳар 10 сол бонувони аз 30-сола боло барои вируси папилломаи инсон тест месупоранд, аз 45 то 65-солаҳо бошад дар ҳар 2 сол бояд аз маммография гузаранд. Ҳар як зан ба рӯйхати электронӣ дароварда мешавад ва ҳангоми муайян шудани дигаргуниҳои хатарнок аз система «нест намешавад». Барнома ҳаракатҳои аниқ ва протоколҳои табобатро дар бар гирифтааст.
«Албатта, ин қадами бузург аст ва ҷараёни ин дигаргуниҳо шахсан таҳти назорати худам қарор мегирад» — гуфтааст Саида Мирзиёева дар саҳифаи телеграмии худ.
