Имрӯз, 6-уми декабр –– зодрӯзи шоири самарқандӣ Хуршед Қамар
(Бахшида ба 80-солагии шоир Хуршед Қамар)
Дар Гӯшаи хотири маҳаллаи Хаймари болои ноҳияи Самарқанд баробари иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941–1945, инчунин дар бораи фидоиёни ҷанги афғон, фаъолону раисони маҳалла ва ғайра бо расму сурат ва маълумотҳои зарурӣ ҷой дода шудаанд. Дар саргаҳи он муҷассама-лавҳаи ёдгории иштирокчии ҷанги Афғонистон Хуршед Қамар мавҷуд аст. Ва дар пояи он чунин рубоӣ сабт ёфтааст:
Ба хунат марги ту омехта ногоҳ,
Либоси ҳарбият бар тан кафан шуд.
Руҳатро модари зорат надида,
Тани наврастаат хоки Ватан шуд.
Хуршед Қамар (Қамариддинов), ки дар синни 38‑солагӣ ба таври фоҷиабор аз олам чашм пӯшид, аз зумраи шоирони ҷавони умедбахш буд. Нозукиҳои забонро меомӯхту шеърҳои зиёдеро аз ёд медонист. Ҷавонмарди ниҳоят ҳассос буду бо эҳтироси баланди шоирӣ қалам ба даст мегирифт.
Ӯ 6‑уми декабри соли 1944 дар деҳаи Хаймари Болои ноҳияи Самарқанд дар оилаи омӯзгор ба дунё омад. Мактаби миёнаро бо медали тилло хатм карда, шомили факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид. Соли 1967 онро бо баҳоҳои аъло тамом кард. Баъди хизмати ҳарбӣ ҳамчун омӯзгори Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд ба донишҷӯён аз адабиёт дарс гуфт. Дар назди академик Муҳаммадҷон Шукуров сабақ омӯхт. Ба навиштани рисолаи номзадӣ сар кард.
Ҳамчун донандаи хуби забони тоҷикиву дарӣ бо тақозои тақдир ба Афғонистон рафт. Солҳои 1977–1980 дар ин мамлакат вазифаи тарҷумониро ба ҷо овард. Соли 1981 вайро ба сифати тарҷумони низомӣ боз ба Афғонистон даъват карданд. Ҳангоми кори тарҷумонӣ донишу маҳорат ва бурдборӣ нишон дод, дар вақти муҳорибаҳо далериву мардонагии худро собит сохт. Сад дареғо, ки соли 1982 дар яке аз муҳорибаҳои назди Қандаҳор қаҳрамонона шаҳид гардид. Бо як ордени ҷангӣ ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш сарфароз шуда бошад, ордени дуввум баъди ҳалок шудан насибаш гардид.
Синни 30–40‑солагӣ нумӯи камолоти эҷодист. Хуршед Қамар акнун касби камол мекард. Чакидаҳои хомааш пуробу ранг ва латифу пурнафосат мегашт. Шояд бисёр шеъру рубоиёташ, ки дар дафтару дафтарчаҳои кисабағалӣ ва варақҳои парешон сабт кардааст, нобуду паҳну парешон гаштаанд.
Барои Хуршед Қамар шоирӣ касби асосӣ набуд. Омӯзгорӣ вақти зиёди ӯро мегирифт. Муаллиму муҳаққиқи ҳақиқӣ буд. Дили ӯ кони дурри суханро мемонд. Хуршед Қамар мисли Умари Хайём, ки ӯ низ мударрис буд, дар вақти фориғ аз кору тадқиқоти илмӣ рубоӣ менавишт. Рубоӣ оинаи дили ӯ буд. Дар рубоиёт фикру хаёл, орзуву омол ва умеду ниятҳои некашро ифода месохт. Вай тараннумгари Ватан, модар, замини биҳиштосо, ишқу муҳаббати пок, фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ ва фалсафаи зиндагӣ буд.
Барои шод гаштани рӯҳи поки ӯ якчанд рубоияшро дар зер барои хонандагони рӯзнома меорем:
Донӣ, ки чӣ гуна ман ҷавонӣ дорам,
Бо худ дилу афкору забоне дорам?
Бо маргу ҳаёт зиндагӣ хоҳам кард,
Ман дар дили хеш зиндагонӣ дорам.
Гаҳ оташи пуршарор, гаҳ хун дили мост,
Гоҳе ба вуҷуди мо шабохун дили мост.
Шеър аст вуҷуди мо, саросар шеър аст,
Рагҳо ҳама мисраъҳову мазмун дили мост.
Аз ман фақат оташи муҳаббат ҷӯед,
Гулҳои умеди зиндагиро бӯед.
Бо ишқи ҳаёт умр мехоҳам ман,
Бо ман зи ҳаёту аз муҳаббат гӯед.
Шоир, ки ду чашм бар ҷаҳон медӯзад,
Пайваста ҷаҳони дили хеш афрӯзад.
То нақши ҳаёт дар тафаккур бизанад,
Шоир ба шарори зиндагӣ месӯзад.
Гар ҳар дами умр зиндагонӣ бошад,
Ҳар лаҳзаи зиндагӣ ҷавонӣ бошад.
Ман умри ҷавони худ фидо бинмоям,
То ин, ки ҷавонӣ ҷовидонӣ бошад.
Дар қатраи ашк мавҷи дарё дидам,
Резанда ба сӯзи дашту саҳро дидам.
Дар қатраи хун шарори дунё дидам,
Пас, хандаи зиндагии худро дидам.
М.ҶУМЪАЗОДА
