30 сол боз фаррошӣ мекунам. Аввал бинои марказе, ки ба шуғли аҳолӣ кӯмак мекунад, сипас ҳокимияти ноҳияро тоза мекардам. 18 сол боз дар садорати ободонӣ кор мекунам. Аз кори худ наменолам, баръакс ифтихор дорам. Шояд моҳонаам нисбатан кам бошад, вале бобарака аст Аз паси ҳамин корам 5 фарзандамро тарбия намуда, ба воя расондам. 4 нафари онҳоро хонаву ҷойдор кардам. 7 нафар набера дорам. Имсол фарзанди кенҷаамро хонадор карданиам.
Агар рӯзҳои бекор гаштаамро ба ёд орам, дилам таҳ мекашад. Нон пухта, калоба бофта фурӯхтам. Баъзан ҳатто аз сабӯс нон тайёр карда, хӯрдем.
Дар зимистон барф бел мекунем, баҳорон гул мешинонем, тирамоҳрӯя кӯчаҳоро аз хазонҳо мерӯбем. Дар ҳар як кор хурсандӣ ва ташвишҳо ҳаст. Одам душвориҳоро бо сабр паси сар карда, ба ҳамааш шукр намуда, кор кунад, барака меёбад. Ман ба ин кор меҳр мондаам. Шояд аз ҳамин сабаб роҳбариятамон маро ҳурмат мекунад. Бо нишони сарисинагии «Ӯзбекистон Республикаси мустақиллигининг 25 йиллиги» қадр карда шудаам.
Як воқеа ҳеҷ аз хотирам намеравад. Дар арафаи 8‑уми марти соли 2020 — иди зан-духтарон ба духтарам курта хариданам лозим буд. Аз набудани пул кайфиятам вайрон шуд. Ид ҳам ба назарам наменамид. Дар чунин вазъият ҳамкасбонам хабар расонданд, ки маро ба нишони сарисинагии «Мӯътабар аёл» лоиқ донистаанд. Дар чорабиние, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, ҳокими вилоят ин нишонро ба ман супурд. Мукофоти пулии иловагӣ низ будааст. Ман расо хурсанд шуда будам. Ба ин пул барои фарзандам либос, ба модарам тӯҳфаи идона харидам. Аз бозор баромада, барои ба модарам нишон додани мукофоти гирифтаам рост ба хонаи укоям рафтам.
— Оча, медал гирифтам, — гуфтам. — Вақти ба кӯчарӯбҳо медал додан омадааст, модарҷон!
Ҳамон вақт модари шодравонам бетоб буданд. Хеле мамнун шуданд. Ҳар баҳор ин воқеа ба ёдам ояд, ба чашмам об медавад.
Имрӯзҳо ҷавонзанҳо барои кор кардан ба сафамон ҳамроҳ мешаванд. Вале аксарияти онҳо ба душвориҳо сабр накарда, мехоҳанд корро партофта раванд. Ба онҳо маслиҳатҳои аз дастам омадаро медиҳам. Кӯшиш мекунам фаҳмонам, ки дар назди душвориҳое, ки мо аз сар гузарондем, аз они онҳо ҳеҷ чиз нест.
Каромат ТОШНИЁЗОВА, ноҳияи Нуробод
