Тибқи фармони дахлдори Вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ, як гурӯҳ педагогҳои муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ, ки солҳои тӯлонӣ кор карда, ба дастовардҳои махсусан назаррас ноил гардидаанд, бо нишонҳои сарисинагии «Фидоии таълими халқ» ва «Аълочии таълими халқ» сарфароз гардонида шуданд.
Дар байни мукофотонидашудагон муаллими мактаби таълими умумии рақами 45-и ноҳияи Пайариқ Сапарбой Нормӯъминов, муаллимаи мактаби таълими умумии ихтисосонидашудаи рақами 2-и ноҳияи Иштихон Санобар Пӯлатова, тарбиятгари муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 9-и ноҳияи Ҷомбой Гулрабо Абдуллоева, муаллимаи муассисаи таълими томактабии рақами 4-и ноҳияи Пахтачӣ Олга Силантеваҳо ҳастанд.
Имрӯз дар ҳокимияти вилоят маросими супоридани ин ҷоизаҳо баргузор шуд. Дар чорабинӣ ҷоизаҳоро иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ба соҳибонашон супурд ва ба омӯзгорони фаъол дар фаъолияти минбаъдаи педагогӣ комёбиҳо таманно намуд.
