Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22‑юми март ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, нахуст аз мақбараи Имом Бухорӣ боздид кард, сипас бо бунёдкориҳое, ки дар минтақа амалӣ карда мешаванд ва нақшаҳои оянда шинос шуд.
— Дирӯз бо мардуми худ Наврӯзро ҷашн гирифтем. Ва имрӯз, дар моҳи мубораки Рамазон, мо дар ин макони муқаддас қарор дорем. Ба Худованди мутаол шукргузорем, ки ба мо имкони дар сулҳу оромӣ истиқбол намудани чунин рӯзҳои бузургро ато намуд. Бигзор дар кишвари мо ҳамеша сулҳ ва осоиштагӣ ҳукмфармо бошад ва ҳама ибтикорҳои нек амалӣ гарданд. Мо ин маҷмааро сазовори хидматҳои бузурги Имом Бухорӣ бунёд мекунем. Бигзор он на танҳо макони зиёрат, балки маркази маърифат, тарбия ва ҳидояти рӯҳонӣ гардад, — гуфт Президент Шавкат Мирзиёев.
Мақбараи Имом Бухорӣ дар ҷаҳони ислом яке аз ҷойҳои муқаддастарин ба ҳисоб меравад. Бо ташаббуси сарвари давлат дар ин ҷо маҷмааи ёдгории нави миқёсан бузург барои фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба зиёратгарони сершумор бунёд мешавад.
Масоҳати маҷмаа 44 гектарро ташкил медиҳад. Сохтмони мақбараи бошукӯҳ ва масҷиди дорои 10 ҳазор ҷой аллакай ба итмом расидааст. Чор манораи 75‑метра ба маҷмаа шаҳомати хос мебахшанд. Ҳамчунин, осорхона, галереяҳои пӯшида, биноҳои маъмурӣ ва ёрирасон сохта шудаанд.
Айни ҳол корҳои ороишӣ бо истифода аз анъанаҳои миллӣ идома доранд. Дар фасадҳо ва деворҳои айвонҳо ҳадисҳо аз «Саҳеҳ ал-Бухорӣ» ҷой дода мешаванд.
Илова бар ин, бунёди беш аз 20 меҳмонхона дорои 2 ҳазор ҷой ва гулгаштҳои сайругашт пешбинӣ шудааст.
Имсол дар кишвари мо 1155‑солагии таваллуди Имом Абу Мансур ал-Мотурудӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад. Дар қарори дахлдори Президент таъмир ва ободонии мақбараи ӯ дар Самарқанд пешбинӣ шудааст.
Дар давоми ташриф лоиҳаи мазкур ба Президентамон муаррифӣ карда шуд.
Тибқи нақша, дар ин ҷо масҷиди ҷомеи дорои 1 500 ҷой ва бинои маъмурӣ сохта мешаванд. Ҳамчунин, китобхона, толори анҷуманҳо, осорхонаи инноватсионӣ ва утоқҳо барои мутахассисон пешбинӣ шудаанд. Барои зиёратгарон таваққуфгоҳ ва таҳоратхона фароҳам меоранд.
Имом Абу Мансур алМотурудӣ дар даврае зиндагӣ мекард, ки ихтилофҳо дар ҷаҳони ислом зиёд ва равияҳои гуногун паҳн мешуданд. Ӯ тамоми умри худро ба ҳифзи эътиқоди ҳақиқии исломӣ ва густариши маърифат бахшида буд. Осори ӯ, ба мисли «Тавилот ал-Қуръон» ва «Китоб ат-Тавҳид», асоси маънавии мазҳаби суннӣ гардиданд, ки ба мӯътадилӣ ва таҳаммулпазирӣ даъват мекард.
Президент таъкид кард, ки ғояҳои ал-Мотурудӣ то ҳол муҳим мебошанд ва дастур дод, ки мероси ин донишманди бузург амиқан омӯхта ва таблиғ карда шавад, инчунин, барои бинандагони маҷмаа тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардад.
Боз як лоиҳаи нек — ободонии оромгоҳи Махдуми Аъзам дар ноҳияи Оқдарё мебошад. Зодаи ноҳияи имрӯзаи Қосонсой, ин орифи бузурги тасаввуф яке аз раҳнамоёни барҷастаи тариқати Нақшбандия буд. Пас аз тай кардани роҳи тӯлонии илм ва имон, ӯ дар вилояти Самарқанд ба хок супурда шуд.
Ин макон низ зиёратгарони зиёдро ҷалб мекунад. Барои қулайии онҳо, дар назди мақбараи Махдуми Аъзам сохтмони таваққуфгоҳи сеошёна ва таҳоратхона ба нақша гирифта шудааст.
Маконҳои вобаста ба зиндагӣ ва фаъолияти дигар донишмандон, мутафаккирон ва авлиё, ки аз замини Самарқанд баромадаанд, низ марҳила ба марҳила таъмир ва обод карда мешаванд.
Шаҳри Самарқанд ба як макони анъанавӣ барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баландтарин — саммитҳо, конфронсҳои байналмилалӣ ва конгрессҳо табдил ёфтааст.
Солҳои охир ба туфайли фароҳам овардани инфрасохтори муосире, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ аст, Самарқанд ба маркази баргузории чорабиниҳои сатҳи баландтарин табдил ёфта, нуфузи он бештар шудааст.
Маҷмааи сайёҳии «Роҳи бузурги абрешим», ки бо ташаббуси Президент соли 2022 бунёд шудааст, дар ҳамчун як маркази байналмилалӣ мустаҳкам намудани мавқеи Самарқанд нақши муҳим бозида, ба рушди он такони нав бахшидааст.
Сарвари давлат ба Маркази байналмилалии сайёҳӣ ташриф оварда, бо корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ, инчунин шароити фароҳамгардида шинос шуд. Айни ҳол дар маҷмаа як қатор лоиҳаҳо амалӣ мешаванд, ки ба густариши имконоти хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сифати он барои ҳайатҳои хориҷӣ ва сайёҳон равона шудаанд.
Аз ҷумла, дар ҳудуди марказ толори муосири консертӣ бо масоҳати 1150 метри мураббаъ сохта мешавад, ки барои 100 нафар пешбинӣ шудааст. Иншооти нави фарҳангӣ бо таҷҳизоти баландсифати акустикӣ таъмин хоҳад шуд.
Президент тавсияҳо дод, ки барои қабули ҳайатҳои хориҷӣ ва баргузории мулоқотҳои дуҷониба шароити иловагӣ фароҳам оварда шаванд.
Дар доираи боздид ҳокими вилояти Самарқанд ба сарвари давлат доир ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа ва лоиҳаҳои ҷорӣ ҳисобот дод.
Қобили зикр аст, ки имсол низ Самарқанд мизбони чорабиниҳои байналмилалии бузург хоҳад буд. Омодагии фаъолона ба саммити аввалини «Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо», Форуми иқлимӣ, саммити «Осиёи Марказӣ — Давлатҳои арабии Халиҷ» ва иҷлосияи 43‑юми Конфронси генералии ЮНЕСКО идома доранд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар анҷоми сафари худ ба шаҳри Самарқанд ба маҷмааи ёдгории Ҳазрати Хизр ташриф оварда, ба Президенти Нахустини кишварамон Ислом Каримов эҳтиром ба ҷо овард ва мақбараи ӯро зиёрат кард.
