Барои мизбонии Ҷоми Осиё 7 ариза пешниҳод шудааст, ки ин натиҷаи рекордӣ дар таърихи мусобиқаи мазкур аст.
Дар Куала-Лумпури Малайзия Конгресси 35-уми Конфедератсияи футболи Осиё баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ ҳайати Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон таҳти роҳбарии намояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ дар Кумитаи иҷроияи КФО ва ноиби аввали президенти АФӮ Равшан Эрматов ширкат дошт.
Зимни анҷуман гуфта шуд, ки барои баргузории Ҷоми Осиё-2031 ҳафт довталаб ариза пешниҳод кардааст.
Онҳо Австралия, Ҳиндустон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, АМА, Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Қирғизистон (аризаи муштарак) мебошанд.
