Ovozi.uz

29 хона ва як мактаб зарар дидааст

Дар пайи заминларзаи субҳи имрӯз, 13-уми апрел, тибқи маълумоти пешакӣ, 29 хона ва як мактаби Тоҷикистон осеб дидаанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, заминҷунбӣ дар Тоҷикистон соати 9:24 рух дода, маркази он 21-километрии ноҳияи Рашт ва 160- километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе будааст.

Дар натиҷаи ин ҳодиса, бар асоси маълумоти пешакӣ, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.