Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад.
Имрӯз меҳмони олимақом якҷоя бо муовини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Очилбой Раматов аз боғи «Ӯзбекистони Нав» боздид ба мал оварда, дар пояи ёдгории Истиқлолият гул гузошт.
Ҳангоми шиносоии кӯтоҳ аз маҷмаа, ба намояндагони ҳайати Сербия дар бораи мазмун ва маънои меъмории ин ансамбл маълумот дода шуд.
Боғи «Ӯзбекистони Нав» ва ёдгории Истиқлолият ба муносибати сисолагии истиқлоли мо сохта шудааст. Таърихи беш аз сеҳазорсолаи давлатдории миллӣ дар қаламрави Ватани мо хеле амиқ аст. Ҳар касе, ки ба ёдгорӣ диққат медиҳад, шоҳиди ифодаи бадеии ин гузаштаи пурифтихор хоҳад буд.
Дар доираи сафарҳои меҳмонони олимақом ва ҳайатҳои расмии хориҷӣ ба кишвари мо, гул гузоштан дар ин ҷо анъана шудааст.
Ҳайати намояндагон ба чеҳраҳои олимон, сарлашкарони бузург ва ҷаҳонгирон, аҷдоднёи ҷадиди мо, ки дар маҷмаа тасвир шудаанд, диққати махсус доданд. Эътироф карда шуд, ки тасвири паррандаи Ҳума, ки рамзи сулҳ, озодӣ ва некӣ аст, чун гултоҷи ин маҷмаа ба назар мерасад.
