Ovozi.uz

Барномаи мобилии «Декларатсияи мусофир» навсозӣ шуд!

Агар рамзҳои IMEI-и дастгоҳҳои мобилие, ки шумо бо худ меоред, ба дастгоҳи дигар тааллуқ дошта бошанд, худи барнома шуморо дар ин бора огоҳ мекунад.

Шумо, инчунин метавонед 8 ҳолати гуногуни декларатсияҳои фиристодаатонро бубинед.

Ҳоло, инчунин имкони таҳрир ё нест кардани дороиҳои асъорӣ ва ашёи қиматбаҳое, ки дар декларатсия нишон дода шудаанд, вуҷуд дорад.

Ин тағйирот 5-уми ноябри соли 2025 бо версияи 1.3.0 дар Google Play ҷойгир шудааст.

Ба шумо хотиррасон мекунем, ки то ҳол ин барнома қариб 70 ҳазор маротиба зеркашӣ шудааст ва беш аз 14,6 ҳазор декларатсияи мусофирон тавассути барнома расмӣ шудааст.