Ovozi.uz

Тадқиқоти нав дар ҷодаи санъати сухан

Дотсенти Донишкадаи забон ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказии Донишгоҳи давлатии Самарқанд Хайём Мирзоев ба нашр кунонидани монографияи “XVI-XIX asrlar fors-tojik aruzshunosligining shakllanish va rivojlanish tamoyillari” (“Тамоюлоти ташаккул ва такомули арӯзшиносии форсу тоҷик дар асрҳои XVI-XIX”) муваффақ гардид.

Ҷолиби диққат он аст, ки дар рисолаи мазкур асарҳое аз қабили “Рисолаи арӯз ва қофия”-и Ғиёсиддин Мансури Даштакӣ, қисми ба илми шеър бахшидаи “Чаҳор гулзор”-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, “Меъроҷ-ул-арӯз”-и Муҳаммад Ғиёсиддин, “Рисолаи рубоӣ”-и Саъдуллоҳи Муродободӣ, “Мунтахаб-ул-арӯз”-и маҷҳулмуаллиф бори нахуст таҳқиқ гардидааст.

Монография бо ду забон навишта шуда, ҳоло нусхаи тоҷикии он омодаи нашр аст ва рӯзҳои наздик ба оммаи васеи хонандагон дастрас мегардад.