Дар шаҳри Самарқанд семинари намоишии Иттиҳоди эҷодии «Тасвирий ойина»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба таблиғи васеи ислоҳотҳои дар соли ҷорӣ – «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» амалишаванда ва ташкили самараноки иҷрои вазифаҳои муайяншуда бахшида шудааст, баргузор гардид.
Дар он аъзои шӯрои иттиҳод, роҳбарон ва кормандони бахшҳои ҳудудӣ, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҳамкор ширкат варзиданд.
Дар оғози семинар ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ва раиси раёсати Иттиҳоди эҷодии ҷумҳуриявии «Тасвирий ойина» Исфандиёр Латипов дар суханронии худ таъкид намуданд, ки бо фармони Президенти мамлакат аз 16-уми феврал таҳти унвони «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи ислоҳот аз рӯи самтҳои афзалиятнок дар “Соли рушди маҳалла ва болоравии ҷамъият” ва амалисозии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030″» самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соли ҷорӣ муайян гардидаанд.
– Мувофиқи фармон ва барномаи тасдиқшуда бар асоси он, дар соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои кишвар бо роҳандозии зиёда аз 10 ҳазор лоиҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ беш аз 100 ҳазор ҷойи нави кории иловагӣ таъсис дода мешавад, – гуфт И. Латипов. – Шумораи маҳаллаҳои аз камбизоатӣ ва бекорӣ озод ба 3,5 ҳазор мерасад. Барои такмил ва рушди инфрасохтори маҳаллаҳо 20 триллион сӯм маблағ ҷудо гардида, ба онҳо симои Ӯзбекистони Нав ворид карда мешавад. Чунин корҳои васеъмиқёс на танҳо ба зиммаи ҳукумат, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва идораҳои давлатӣ, балки бар дӯши ҳамаи ташкилотҳо, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ҳар як шаҳрванд масъулияти бузург мегузорад. Дар нишон додани ин тағйирот ва аҳамияти онҳо ба мардуми кишвар ва муаррифии онҳо ба ҷаҳон Иттиҳоди эҷодии «Тасвирий ойина» бояд мавқеи фаъол ва муносиб дошта бошад. Аз ҳамин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки дар оғози сол бо шумо мулоқот карда, вазифаҳои худро дар ин самт мушаххас намоем.
Дар семинар аъзои шӯрои Иттиҳоди эҷодии «Тасвирий ойина» – сармуҳаррири рӯзномаҳои «Халқ сўзи» ва «Народное слово» Ӯткир Раҳматов, сардиректори Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, узви Сенати Олий Мажлис Абдусаид Кӯчимов ва роҳбари Академияи бадеии Ӯзбекистон Акмал Нур бар аҳамияти нақши «Тасвирий ойина» дар огоҳсозии васеи аҳолӣ аз ислоҳоти фарогире, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба қадри инсон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум амалӣ мегарданд, таъкид намуданд.
Ҳамзамон, онҳо оид ба вазифаҳои дар пеш будаи ташкилот ва ҷонибҳое, ки ҳангоми муаррифии ҳаёти ноҳияҳо, шаҳрҳо ва маҳаллаҳои дорои симои Ӯзбекистони Нав бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд, сухан ронданд.
