Мувофиқи Стратегияи навшудаи “Ӯзбекистон — 2030”, дар кишвар ҷорӣ намудани роҳҳои пулакии автомобилгард ба таври марҳилавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мувофиқи нақша, қитъаи аввалини роҳ бо дарозии 50 километр соли 2027 мавриди истифода қарор мегирад. Минбаъд лоиҳа тадриҷан густариш ёфта, соли 2028 дарозии роҳҳои пулакӣ ба 75 километр, соли 2029 ба 100 километр мерасад. То соли 2030 бошад, дарозии умумии чунин роҳҳо ба 130 километр расонида мешавад.
Дар стратегия вазифаҳои муҳим оид ба тақвияти ҳамгироии кишвар ба шабакаҳои глобалии нақлиётӣ-логистикӣ ва баланд бардоштани иқтидори низоми миллии нақлиёт муайян гардидаанд.
Ҳамчунин, сохтмони роҳҳои пулакӣ дар самтҳои Тошкент — Самарқанд, Тошкент — водии Фарғона ва дигар масирҳо дар назар аст.
Бо вуҷуди ин, дар давоми соли 2026 ягон роҳ пурра ҳамчун роҳи пулакӣ ба истифода дода намешавад. Дар ҳуҷҷат самти дақиқи нахустин роҳи пулакӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст. Маблағгузории лоиҳаҳо аз ҳисоби сармояи бахши хусусӣ амалӣ гардида, мақоми масъул барои иҷрои он Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин шудааст.
