Ovozi.uz

Эрдоған ба Гутерриш Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Отатуркро супорид

Ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, ки бо сафари корӣ ба Туркия рафтааст, Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Отатурк супорида шуд.

Ҷоизаро Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдоған тақдим кард, хабар медиҳад report.az.

Пеш аз маросими мукофотонидан, роҳбари Туркия талошҳои сулҳҷӯёнаи СММ-ро баланд арзёбӣ кард.

Антониу Гутерриш низ барои тадбирҳое, ки Туркия ҷиҳати нигоҳ доштани субот дар минтақа андешидааст, ба ин кишвар ба забони туркӣ изҳори сипос намуд.