Сиву панҷ сол дар тақвими таърих шояд фосилаи чандон дарозе нанамояд, аммо барои зиндагии як миллат ин метавонад як давраи бузурги дигаргунсозӣ бошад. Даврае, ки дар он давлат роҳи худро муайян мекунад, ҷомеа таҷрибаи нави давлатдориро меомӯзад ва муҳимтар аз ҳама — насли нав бо орзуҳои нав ба зиндагӣ қадам мегузорад.
Мактаб ҷойест, ки дар он кӯдак аввалин бор ба олами дониш ворид мешавад, орзуи касб пайдо мекунад, ҷаҳонро мешиносад ва тадриҷан шахсияти худро месозад. Аз ҳамин ҷост, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандагии Ӯзбекистон ба шумор меравад.
Тибқи маълумот, дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27-уми декабри соли 2025 “Дар бораи чораҳои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2026–2028”, дар шаҳри Самарқанд як қатор корҳои бузурги сохтмонӣ ва таҷдиди муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудаанд. Барои реконструксия ва таъмири муассисаҳои таълимӣ дар маҷмӯъ 67 миллиарду 835 миллион сӯм маблағ пешбинӣ гардидааст. Ин маблағҳо барои реконструксияи чор мактаби умумӣ, таъмири асосии як мактаб ва реконструксияи як муассисаи таълими томактабӣ равона мешаванд.
Дар мактаби рақами 8 бинои иловагӣ барои 420 хонанда, дар мактаби рақами 41 бинои иловагӣ барои 720 хонанда, дар мактаби рақами 55 бинои иловагӣ барои 990 хонанда ва дар мактаби рақами 60 бинои иловагӣ бо толори варзишӣ сохта мешавад. Ҳамчунин, дар мактаби рақами 29 корҳои таъмири асосӣ идома доранд.
Дар доираи тадбирҳои баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълим дар шаҳри Самарқанд сохтмони се мактаби нави дорои иқтидори умумии 3660 ҷой низ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар маҳаллаи Қорасув мактаби дорои 1650 ҷой, дар Нурли Йул мактаби дорои 990 ҷой ва дар Ёшлар низ мактаби дорои 990 ҷой пешбинӣ шудааст. Барои иншооти мазкур замин ҷудо гардида, корҳои лоиҳавӣ ва сохтмонӣ оғоз шудаанд.
Дар доираи Барномаи сармоягузории соли 2026 сохтмони 6 бино ва иншооти нави мактабӣ бо иқтидори умумии 5190 ҷой ва арзиши 108 миллиарду 344 миллион сӯм идома дорад. Аз ин ҷумла, чор мактаб — рақамҳои 8, 41, 55 ва 60 соҳиби биноҳои иловагӣ мешаванд, ки дар маҷмӯъ барои 2550 хонанда пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин, дар як қатор муассисаҳо корҳои таъмири асосӣ ба роҳ монда шудаанд.
Яке аз ҷанбаҳои ҷолиби корҳои созандагӣ иштироки бевоситаи аҳолӣ дар муайян кардани самтҳои маблағгузорӣ мебошад. Барномаи «Буҷети ташаббускор» ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дар интихоби лоиҳаҳои барои маҳалла ва муассисаҳои иҷтимоӣ муҳимтар фаъолона ширкат кунанд. Дар соли 2026 дар 9 мактаб корҳои ҷорӣ ва таъмиру сохтмонӣ ба маблағи 14 миллиарду 832 миллион сӯм иҷро гардидаанд. Барои рушди заминаи моддию техникии ду мактаб низ маблағ ҷудо шудааст.
Омодагӣ ба оянда аз кӯдакистон оғоз меёбад. Дар доираи Барномаи сармоягузории соли 2026 дар 13 муассисаи давлатии таълими томактабӣ сохтмони биноҳои нави иловагӣ бо иқтидори умумии 1710 ҷой идома дорад. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ барои ин лоиҳаҳо 172 миллиарду 202 миллион сӯм аст. Ҳамчунин, соли 2025 дар ду муассисаи томактабӣ биноҳои нав бо иқтидори умумии 240 ҷой ва арзиши беш аз 7 миллиард сӯм бунёд гардидаанд. Ҳамин тавр, занҷираи «кӯдакистон — мактаб — донишгоҳ — касб» аз имрӯз таҳким меёбад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар 13-то мактаб барои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ насби панелҳои офтобӣ ба нақша гирифта шуда, дар муассисаҳои таълими томактабӣ низ чунин тадбирҳо амалӣ мегарданд.
Дар баробари сохтмони иншооти нав, таъмири муассисаҳои мавҷуда низ аҳамияти калон дорад. Дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар як қатор мактабҳо ва муассисаҳои таълими томактабӣ корҳои таъмирӣ анҷом дода шуда, барои омодагӣ ба соли таҳсили 2026–2027 ва мавсими тирамоҳу зимистон маблағҳои иловагӣ ҷудо гардидаанд. Мактабу кӯдакистонҳое, ки имрӯз дарашонро ба рӯи насли нав мекушоянд, фардо заминасози пешрафти илму фарҳанг ва иқтисодиёти Ӯзбекистони Нав хоҳанд гашт.
Б.РАҲМОНОВ, депутати Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд
М. МУХИТДИНОВ, сармутахассиси котиботи Шӯрои намояндагони халқи шаҳр
