Анҷумани матбуотӣ
Дар Хонаи матбуоти вилоят анҷумани матбуотии масъулони Садорати статистика роҷеъ ба мазмуну моҳият ва аҳамияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10‑уми сентябри соли 2026 «Дар бораи барӯйхатгирии бизнес» таҳти рақами 190 анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он роҳбарият ва кормандони садорати мазкур, котибони матбуоти ҳокимият ва корхонаву ташкилотҳо, инчунин кормандони васоити ахбори оммавӣ иштирок карданд.
— Мувофиқи Фармони Президентамон аз 15‑уми октябр то 30‑юми ноябр дар кишварамон чорабинии бақайдгирии бизнес гузаронида мешавад, — гуфт сарвари Садорати статистикаи вилоят Шерзод Қудратов. — Фармони мазкур барои баланд бардоштани сифати сохтори статистика, таъмини дақиқӣ ва шаффофияти маълумот, бахшидани суръат ба ҷараёни интегратсияи маълумотҳои статистикӣ ва бештар роҳандозӣ намудани технологияҳои замонавӣ нигаронида шудааст. Мақсади асосии бақайдгирӣ ташаккули маълумотҳои омории боваринок оид ба фаъолияти воҳидҳои иқтисодӣ, самтҳои он, ҳолати шуғл ва нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ мебошад. Бино бар ҳолати 1‑уми сентябри соли 2026 дар вилояти Самарқанд 166 ҳазору 826‑то суъекти соҳибкорӣ фаъолият мебаранд. Аз онҳо 82 ҳазору 508‑то корхонаву ташкилотҳо дорои мақоми юридикӣ буда, 84 ҳазору 318‑тои дигар аз соҳибкорони тартиби якка иборат аст. Инчунин, 508 ҳазору 896‑то соҳибкорони худшуғл фаъолият доранд. Ин нишондиҳанда, пас аз натиҷаи барӯйхатгирӣ дар ҳолати 1‑уми октябр нав карда шуд.
— Тавассути чорабинии мазкур ба шумораи субъектҳои фаъолиятбаранда дар соҳаи иқтисодиёт, таркиби он, ҳолати фаъолият ва тақсимоти иқтисодиёт аз рӯи самтҳо равшани андохта мешавад — илова кард сардори шуъбаи статистикаи вилоят Фирдавс Шукуров. — Барои ташкил намудани ҷараёни бақайдгирӣ 1063 нафар ёварони ҳоким ҳамчун рӯйхатгирандагони асосӣ ҷалб мегарданд. Муддати ба қайдгирӣ 40 рӯз буда, ба ҳар як масъул то охири чорабинӣ 155‑то субъект рост меояд.
Яъне, ҳар як ёвари ҳоким бояд дар як рӯз 5‑то субъекти соҳибкориро ба рӯйхат гирад. Ба ҳар як респондент барои шакли пурсишномаи қабулшуда ба миқдори 9 ҳазору 520 сӯм (0,7%-и ҳадди аққали музди меҳнат) ва барои пурсишномаи қабулшудаи ҳар як респонденти муайяншудаи иловагии нав ба миқдори 14 ҳазору 960 сӯм (1,1%) мукофотпулии якмартаина дода мешавад.
Қайд гардид, ки чорабинии «Барӯйхатгирии бизнес» — танҳо ҷамъоварии маълумот нест. Он ба омӯзиши ҳолати аслии фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар, ташаккули маълумоти дақиқи оморӣ аз рӯи ҳудудҳо ва соҳаҳои иқтисодиёт, инчунин, барои дар оянда фароҳам овардани заминаи боэътимоди ахбор ва қабули қарорҳои самараноки иқтисодӣ равона шудааст.
Ҷовид САЛОМАТУЛЛОЕВ
