Ҳайати Самарқанд бо сарварии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов рӯзҳои 11-16-ум декабр ба Хитой рафта омада буд. Дар миёни аъзоёни ҳайат вакилони ҳокимиятҳои ноҳияҳо ҳам ҷой доштанд.
Дар доираи ташриф миёни ҳокимияти ноҳияи Қӯшработ ва Донишгоҳи технологии Hebei-и Ҷумҳурии Мардумии Хитой якчанд созишномаҳо ба имзо расида буданд.
— Дар асоси созишнома як гурӯҳ ҷавонон имконияти гирифтани таҳсил дар ин муассисаи таълимиро пайдо карданд, — гуфт ҷонишини ҳокими ноҳия Холбек Кӯбаев. — Имрӯзҳо донишгоҳи Хитой ҷавонони қӯшработиро барои таҳсил дар самтҳои идораи соҳибкорӣ, маркетинг, муҳандисии тамос, сайёҳӣ ва ғайра даъват мекунад. Онҳо дар асоси грант таҳсил гирифта, аз хобгоҳи донишҷӯён ва дигар имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд.
Ҳоло ба рӯйхат гирифтани талабгорон оғоз шудааст. Довталабон моҳи феврал аз имтиҳони онлайнӣ гузаронида мешаванд ва 40 нафари онҳо имконияти дар Хитой таҳсил гирифтанро пайдо мекунанд.
Онҳо аз моҳи март сар карда, дар курсҳои омӯзиши забони хитоии назди донишгоҳ таълим гирифта, моҳи сентябр оид ба мутахассисии худ дарс мехонанд. Таҳсил аз се соли марҳилаи бакалавр ва як соли магистратура иборат аст.
Тӯлқин Сиддиқов
