Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишвар ба масъалаи барқарорсозии давлатдории миллӣ, ташкили сохторҳои давлатӣ ва ислоҳоти низоми судӣ эътибори алоҳида нигаронида шуд. Дар ин ҷараён ба такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура диққати махсус зоҳир гардида, дар даври гузашта фаъолияти ин мақомот бо ислоҳотҳо ба таври ҳамоҳанг такмил ёфт.
Бояд гуфт, ки дар марҳалаи нави тараққиёти мо, ки аз ҷониби Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев асос гузошта шудааст, барои устувории адолат, мустаҳкамсозии қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар ҷамъият ислоҳоти ҳамаҷониба ва бонатиҷа амалӣ карда мешавад. Тӯли солҳои охир вобаста ба таҳкими фаъолияти мақомоти прокуратура беш аз 20 қонун, фармон, қарор ва фармоиш имзо гардид, ки яке аз онҳо амалӣ шудани қонун аз 19‑уми декабри соли 2016 «Дар бораи муқаррар кардани Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мебошад.
Муқаррар гардидани иди касбиро кормандони мақомоти прокуратура, аз ҷумла собиқадорони соҳа бо хушнудӣ истиқбол гирифта, инак, чанд сол боз бо натиҷаҳои назаррас ва дастовардҳои шоиста ҷашн мегиранд.
Ҳоло бе муболиға гуфта метавонем, ки кормандони мақомоти прокуратура ҳар як вазифаи ба зиммаашон гузоштаро софдилона бо садоқат ва масъулияти баланд иҷро мекунанд. Кормандони соҳа ғайр аз назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, таъмини тинҷиву осоиштагӣ дар ҷомеа, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкории кишвар низ саҳми шоиста мегузоранд.
Аз ҷумла, соли гузашта дар асоси мизони «Хонадони обод», «Кӯчаи обод» ва «Маҳаллаи обод» анҷом додани корҳои бунёдкорӣ дар маҳаллаи «Чағатой»-и ноҳияи Иштихон ба прокуратураи вилоят вобаста карда шуд. Бо мақсади мутобиқсозии корҳое, ки дар маҳалла амалӣ мегарданд, инчунин, роҳандозии босамари корҳо бобати обод кардани хонадонҳо, беҳсозии инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии маҳалла, татбиқи корҳои бунёдкорӣ, таъмини шуғли аҳолӣ штаби махсус, гурӯҳи кории алоҳида ташкил гардида, «Харитаи роҳ» таҳия карда шуд.
Мувофиқи «харитаи роҳ» дар асоси мизони «Хонадони обод» манзилҳои истиқоматии 17 оила дар асоси сарпарастӣ таъмири ҷорӣ ва асосӣ, инчунин, 550 хонадони ба таъмир ниёзманд таъмир ва обод карда шуданд. Аз ҷумла, қисми боми 99 хонадон, танӯрхонаи 161 хонадон, ошхонаи 169 хонадон, деворҳои 268 хонадон таъмир гардиданд. Муаммоҳои бо нерӯи барқ, оби ошомиданӣ, баллони гази моеъ, кашонидани партовҳо вобастаи беш аз 250 хонадон ҳалли худро ёфтанд.
Дар рафти чорабиниҳо дар ҳамаи хоҷагиҳои маҳалла шароити бехатарии сӯхторро омӯхта, дар 998 хоҷагӣ корҳои дезинфексия анҷом дода шуд ва зиёда аз 500 сар чорвои калони шохдор ва дигар ҳайвоноти хонагиро бар зидди бемориҳои сироятӣ эм карданд.
Бо мақсади кӯмаки иҷтимоиву иқтисодӣ ба аҳолӣ 26 нафар шаҳрванд бо кори доимӣ таъмин, 50 нафар сокини маҳалла ба корҳои ҷамоатӣ ҷалб карда шуданд. Барои фаъолияти тадбиркориро оғоз кардани 6 нафар ёрии амалӣ расонида шуд.
Илова бар ин, 6215 нафар аҳолии маҳаллаҳо аз санҷиши амиқи тиббӣ гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаҳо ба 79 нафар барои табобат ордер, ба 11 нафар воситаҳои офиятбахшӣ ва ба 637 нафар доруҳои ройгон тақдим гардид.
Дар асоси мизони «Кӯчаи обод» ва «Маҳаллаи обод» низ корҳои шоёни таҳсин амалӣ шуда, 6,2 километр роҳҳоро мумфарш карданд ва ба 28,5 километри онҳо шағал рехтанд. Дар 4 қабристон корҳои ободонӣ амалӣ карда шуданд.
Инчунин, ҷӯйборҳоро тоза карда 1,7 километр пайроҳаи пиёдагардон сохтанд. Дар ҳудуди маҳаллаҳо 5 трансформатори нав гузошта, 11 трансформаторро таъмири ҷорӣ карданд. Ҳамзамон, 420 симчӯбро бо сутунҳои оҳанӣ-бетонӣ иваз намуда, ба масофаи 8,3 километр сими барқ кашиданд.
Дар ҳудуди маҳалла корҳои зиёди бунёдкорӣ ва ободонӣ амалӣ гардида, бинои дуошёнаи замонавии маҳалларо бо роҳи ҳашар сохтанд. Дар ошёнаи дуввуми бино фаъолияти коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази мустаҳкамсозии саломатии бонувон ташкил карда шуд.
Ғайр аз ин, барои аҳолӣ 4‑то майдончаи варзишии «Workout», сартарошхонаи мардон, салони ороишии бонувон, 2‑то автоистгоҳ, 3‑то дӯкони маҳсулоти хӯрокворӣ, як маскани хӯрокхӯрии умумӣ, инчунин, дар деҳаи Ноғорчии маҳалла кӯдакистони оилавӣ барои 50 нафар кӯдакро ба истифода супориданд.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи умуммиллии «Макони сабз» дар 3 гектар майдон боғҳои «Прокуророн», «Гвардияи миллӣ», «Нурониён», «Модарон» ва «Ҷавонон» ташкил гардида, беш аз 12 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва манзаравӣ, 5000 дона қаламчаи атиргулро шинониданд.
Инчунин, дар маҳалла як қатор чорабиниҳои маънавӣ-маърифатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла, «Вохӯрии се авлод», «Як нуронӣ ба даҳ нафар ҷавон масъул» гузаронида, иштироки фаъоли мардум, бахусус, ҷавонон таъмин карда шуд.
Мо сарфарозем, ки Сарвари давлатамон баҳри беҳсозии фаъолияти мақомоти прокуратура, аз ҷумла бобати фароҳам овардани шароити корӣ барои кормандони мақомот ва мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии соҳа пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар навбати худ эътибор ва дастгириҳои пайвастаи ҳукумати кишвар ҳар як корманди мақомотро вазифадор менамояд, ки дар иҷрои вазифаҳои касбии худ содиқона амал намуда, баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон саҳмгузорӣ намоянд.
Нодирҷон ЮСУФОВ,
ёрдамчии калони прокурори вилоят.
