Муаммои рӯз
Ман дар болои кати рӯи ҳавлӣ менишастам. Келинам дар хона либосдӯзӣ мекард. Набераам аз назди модараш дар сар тоқии арӯсии зебои пурмарворид баромад ва табассумкунон назди ман омад.
— Бибиҷон, чӣ тавр? –бо дастонаш ба тоқии сараш ишора карда гуфт вай.
— Бисёр зебо. Ин тоқии кӣ?
— Аз они Оростаойтем. Он кас мактабро тамом кунанд, тӯй мешаванд.
— Ӯ ҳоло ҷавон-ку. Ба тӯйшавӣ барвақт не?
— Э, бибиҷон, шумо аз дунё қафо мондаед. Ҳозир ба мактабамон хостгорҳо омада, духтарони синфи 11‑ро аз назар гузаронида, баъд ба хонаи баъзеашон хостгор мешаванд.
— Не-е. Наход дар мактаб ба хостгорҳо роҳ диҳанд? — гӯён ба тааҷҷуб афтодам.
Набераам хандида, боз ба назди модараш рафт.
Дар ҳақиқат солҳои охир бисёр духтаронро баъди чанд моҳи хатми мактаб ба шавҳар медиҳанд. Ба кадом тӯю маърака равед, занҳо дар тарафатон (ё маҳаллаатон) «духтарони ба балоғат расила ҳастанд?» — гуфта мепурсанд. Азбаски хонаи мо дар сари кӯча ҷойгир аст, якчанд бор занҳои арӯскоб маро ҷеғ зада, манзили ягон духтари қадрасро пурсиданд. Ин хел духтарон бошанд, каманд.
Ба ҳавлии ҳамсояамон, ки духтараки ёздаҳумхон доранд, кайҳо боз аз ҳар куҷо хостгорҳо меоянд. Ҳарчанд «ҳоло духтарамон ҷавон, баъди хатми мактаб, нияти таҳсил дар донишгоҳ дорад, аввал соҳиби илму ҳунар шавад, баъд тӯй мекунем», — гӯянд ҳам, боз меоянд. Хаёлашон, падару модари духтарро ҳарчи зудтар розӣ кунанду тӯй барпо шавад. Фикр намекунанд, ки ин духтарак низ орзуҳои худро дорад. Ба оиладорӣ тайёр шуданаш лозим.
Баъзе падару модарони кӯтоҳандеш «аз ҷойи дуруст хостгор омад, оилаи бою бадавлат», — гӯён духтарашонро аз илму ҳунаромӯзӣ маҳрум карда, баъди хатми мактаб ба шавҳар медиҳанд. Магар ин аз рӯи инсофу адолат аст? Келини ҷавон дар ҳаёти оилавӣ азоб намекашад? Кӣ кафолат медиҳад, ки ӯро калонсолони хонадон аз ҷумла шавҳараш доимо дастгирӣ мекунад? Бо як дидан аз куҷо медонед, ки домодшаванда чӣ хел одобу ахлоқ дораду кадом касбу ҳунарро аз худ кардааст?
Одатан дар ҳаёт зан низ барои некӯаҳволии зиндагии хонадон саҳми худро бояд гузорад. Барои ин ӯ боилму ҳунар шуданаш лозим. Баъзе хостгорҳо дар аввал волидони духтарро бо хушомадҳо «ҷон-ҷон» гӯён ба тӯй розӣ мекунонанд. Лек баъди се-чор сол «арӯси беҳунару ҳайкал» гӯён мазаммат мекунанд.
Шояд сабаби ҷудошавии бисёр оилаҳои ҷавон низ дар шитобкории падар модарон бошад?
Ин қадар шитобкорӣ чӣ лозим?!
Одамон бо шитобкорӣ ба мақсад расанд, ки манзили мурод дастнорас мешаванд.
Эътибор ҲАЙДАРОВА
