Ovozi.uz

«ОШЁН»-Е, КИ САРШОРИ МЕҲР АСТ

Дар ҳошияи як китоб

Падару модар шахсияти бузургу меҳрубон ҳастанд. Шоиру нависандагон дар васфи онҳо шеъру асарҳо офаридаанд. Воқеан, меҳру ғамхорӣ, самимияту меҳрубонӣ, ёди неки онҳо ба эҷодкор илҳом мебахшад, то қалам ба даст бигирад. Вақте ки маҷмӯаи «Ошёни маҳр»-и шоири хушбаён Шукруллохон Вализодаро мехонед, пеш аз ҳама саволе ба миён меояд: Чаро ин маҷмӯа «Ошёни маҳр» номида шудааст?
Чун назар кардам ба ёру дӯсту ҳар хешу табор,
Чун падар, модар наёфтам аз яке ман эътибор.
Бале, меҳру муҳаббати ҳақиқиро мо бештар аз падару модар мегирем. Агар вожаи «меҳр»- ро ба забон гирем, пеш аз ҳама пеши чашм чеҳраи нуронии падар, симои меҳрбори модар намоён мешавад. Ва вақте ин китобро мехонед, дар шеърҳои он васфи ҳамин ду шахси бузургу мӯътабар ба чашм мерасад. Аҷаб нест, ки маҳз ба ҳамин хотир маҷмӯа «Ошёни маҳр» унвон гирифта бошад:
Чун Худо ин оламу мулк офарид,
Меҳрро андар дили модар дамид!
Ин мисраъҳо андешаҳои моро дар ин бобат тақвият мебахшанд. Ба шоир ёди волидон ба дараҷаe тавоноӣ додааст, ки дар васфи онҳо чунин маҷмӯа офарад. Шукруллохон Вализода дар тавсифи қиблагоҳи хонадону шамчароғи зиндагӣ ба шоирони модарсарову падарноманавис пайравӣ карда, дар ситоиши онҳо шеърҳои хубу дилангез гуфтааст.
Масалан, шоир дар шеъре мегӯяд, ки «Падар шоҳу вазир модар шав огоҳ». Яъне, шоир оиларо ба як давлат ташбеҳ медиҳаду падару модарро ҳамчун шоҳу вазир эътироф мекунад, ки яке бе маслиҳати дигаре давлатро наметавонанд идора кунанд. Аз шеър маъное бармеояд, ки агарчанд модар — вазир мавқеи дуюмдараҷа дорад, шоҳ бе маслиҳати ӯ кореро анҷом намедиҳад, ба маъное худро бе болу пар эҳсос мекунад.
Пас аз мутолиаи маҷмӯа кас амин мегардад, ки шеърҳои он барои аз ҳафтсола то ҳафтодсола мувофиқ аст. Зеро, дар китоб шеърҳои бачагона низ ба чашм мерасанд:
Очаҷонам, очаҷон,
Туӣ ба мо меҳрубон.
Мо ҳам туро дӯст дорем,
Ҳастӣ баробари ҷон.
Ё ки дар васфи падар:
Дуои падар,
Беҳ бувад аз зар.
З-ин рӯ заратро,
Пеши модар бар.
Як бахши маҷмӯа «Олами беғубор» ном гирифтааст, ки саросар шеърҳои кӯдаконаанд ва гуё аз забони бачагон гуфта шудаанд. Ин аз дили софу беғубор доштани шоир дарак медиҳад.
Инчунин, дар маҷмӯа бахшҳои «Гулшани роз», «Рубоиҳо», «Маснавӣ», «Латифа» ва «Дарси ибрату садоқат» мавҷуд. Новобаста аз он, ки ҳар як бахш номи алоҳида дорад, мазмуну мундариҷаи шеърҳои онҳо муштараканд, ба ҳам вобаста мебошанд. Яъне, дар меҳвари тамоми мавзӯъҳое, ки гирдоварӣ шудаанд, васфи падару модар, меҳру муҳаббати онҳо ба фарзанд, мукофоти хидмати волидон қарор дорад. Шоир таъкид мекунад, ки хизмати падару модарро кардан барои ҳар як фарзанд ҳам қарз ва ҳам фарз аст:
Мо ба васфи гулрухон ҳарф мезанем,
Васфи модарро чаро кам мезанем?
Чун муносиб ҷумлае пайдо нашуд,
Лоилоҷ бар дидаҳо нам мезанем.

Фарзона ДИЛОВАРЗОДА,
шунавандаи «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»