Имрӯзҳо дар саросари кишвар ба муносибати 32‑юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳонаи ватанпарварӣ идома дорад.
Дирӯз дар доираи моҳона дар Маркази бозомӯзии мутахассисони ҷавони шаҳри Самарқанд таҳти шиори «Армияи Ӯзбекистони Нав — қудрати мамлакат, тимсоли ғурур ва садоқати бузург» чорабинии маънавӣ-маърифатӣ гузаронида шуд.
Нахуст, иштирокдорон бо шароитҳои марказ шинос шуданд. Ба ҳозирин дар бораи ислоҳоте, ки бобати мустаҳкамсозии нерӯ ва пойгоҳи моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ амалӣ мегардад, маълумот дода шуд.
— Ватандӯстӣ аз ҳифзи падару модар, оила, хидмати фидокорона ба Ватан оғоз мешавад, — гуфт сарвари шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов. — Дар асл, ин сухане нест, ки танҳо дар ҷашну идҳо гуфта шавад. Мо бояд ҳангоми таълиму тарбияи ҷавонон дар тинати онҳо чунин ҳиссиёти бузургро пурзӯр намоем. Мақсад аз гузаронидани «Моҳонаи ватанпарварӣ» дар саросари мамлакат низ ҳамин аст.
Дар чорабинӣ кормандони воситаҳои ахбори оммавии вилоятҳои Навоӣ, Самарқанд ва Ҷиззах иштирок карданд.
Табрик ба воситаи телекӯпрук
Дар доираи моҳона дар қисми ҳарбии гарнизони Самарқанд барои ҷавонони маҳаллаҳои шаҳр ва ноҳияи Самарқанд «Рӯзи дарҳои кушода» гузаронида шуд.
Дар он ҷавонон аз шароитҳои қисми ҳарбӣ ва намоиши аслиҳаҳо дидан карданд.
Бо сарварии роҳбарони секторҳои ноҳияи Ҷомбой ва масъулони қисми ҳарбии гарнизони Самарқанд дар маҳаллаи Найман низ фестивали ватанпарварӣ ташкил шуд.
Дар тадбир таъкид гардид, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ҳарбӣ-ватанпарварӣ, дар онҳо ташаккул додани ҳисси ҳурмати таърих ва арзишҳои маънавии халқамон ва ҳимояи Ватан вазифаи муқаддас аст.
«Шараф ба модарони аскарҳо»
Таҳти чунин унвон дар Маркази маданияту маърифат ва Маркази бозомӯзии мутахассисони ҷавони Округи марказии ҳарбӣ бо иштироки модарони хидматчиёни ҳарбии муддатноке, ки дар минтақаҳои гуногуни диёрамон вазифаи ҷавонмардии худро иҷро мекунанд, чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ хидматчиёни муддатноки ҳарбӣ ва модарони онҳо аз шаҳри Нуқус тавассути телекӯпрук мулоқот намуданд. Падару модарон дар давоми мулоқот фарзандони худро бо Рӯзи муҳофизони Ватан табрик карданд.
Фестивал бо марафони пиёдагардӣ оғоз шуд
Дар ноҳияи Пайариқ низ таҳти шиори «Армияи Ӯзбекистони Нав — қудрати мамлакат, тимсоли ғурур ва садоқати бузург» бо иштироки намояндагони ҳокимияти ноҳия, роҳбарони секторҳо ва ҷавонон фестивали ҳарбӣ-ватанпарварӣ гузаронида шуд.
Фестивал бо марафони пиёдагардии «Барои ҳаёти солим — 5000 қадам» оғоз гардида, дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи аслиҳа ва техникаҳои ҳарбӣ ташкил карданд.
Намоишҳои ҷанги тан ба тани хидматчиёни ҳарбӣ таваҷҷӯҳи ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ бештар намуда, сурудҳои оркестри ҳарбӣ табъи иштирокдоронро болида гардонид. Ҳамчунин, миёни низомиён ва ҷавонон мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ва бозиҳои миллӣ баргузор гардиданд.
Дар анҷоми фестивал ҷавонони фаъоли ноҳия аз ҷониби ташкилкунандагон қадрдонӣ гардида, барномаи гала-консерт бо иштироки оркестри ҳарбии гарнизони Самарқанд ва ҳунармандони боистеъдод пешкаш карда шуд.
Чунин чорабиниҳоро дар мактаби Президентии шаҳри Самарқанд, филиали Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов дар ноҳияи Ургут, мактаби таълими умумии рақами 102‑и ноҳияи Каттақӯрғон низ гузарониданд.
Ёдовар мекунем, ки моҳонаи ватанпарварӣ то 18‑уми январ идома ёфта, чунин вохӯрӣ, фестивал ва чорабиниҳо дар тамоми минтақаҳои вилоят гузаронида мешаванд.
Хидмати матбуоти
Округи марказии ҳарбӣ.
