Ба футболбози албаниягии клуби футболи касбии “Андиҷон” Рубин Ҳебай ҷоизаи «Беҳтарин футболбози Чемпионати Ӯзбекистон -2023» супурда шуд. Дар ин бора Лигаи футболи касбии Ӯзбекистон дар сомонаи худ маълум кард.
”Лига беҳтаринҳо дар давоми 8 моҳро дар услуби ба худ хос аниқ карда дод. Дар ҷараёни овоздиҳӣ 18 нафар эксперти мустақил иштирок кард. Бино ба ҳамин овоздиҳӣ беҳтарин футболбози сол аниқ гардид» гуфта шудааст дар манбаъ.
Ҳебай дар мубориза барои ҷоиза 92 хол ҷамъ оварда, аъози «Металлург» Забиҳилло Ўринбоев ва футболбози “Қизилқум” Ислом Кенҷабоевро ба оқиб гузошт. Ўринбоев дар мубориза барои ҷоиза 81 хол ҷамъ карда бошад, Кенҷабоев ба 71 хол соҳиб гардид.
Барои маълумот, Ҳебай дар мавсими гузашта дар Чемпионати Ўзбекистон дар 24 та бозӣ ба майдон баромада, 12 -то тӯб зад ва ба 3 -то тӯб ассистӣ намуд. Шартномаи дарамалбудаи вай бо «Андиҷон» то охири соли ҷорӣ амал мекунад.
