Соли гузашта мувофиқи қарори Президент аз 28‑уми сентябри соли 2023 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани низоми расондани хидматҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ» дар ноҳияи Пахтачӣ ва шаҳри Каттақӯрғон ҳамчун таҷриба фаъолияти Марказҳои хизматрасонии иҷтимоии «Инсон» ба роҳ монда шуд.
Чанде пеш чунин марказ дар ноҳияи Ҷомбой низ ба фаъолият оғоз кард. Ҳоло дар ноҳия 81 нафар пиронсолони яккаву танҳо, беш аз 4000 нафар шахсони ногироидошта зиндагӣ мекунанд, ки дар сохтори иттилоотии «Феҳристи ягонаи иҷтимоӣ» сабти ном шудаанд. Марказ хидматҳои иҷтимоиеро, ки ба онҳо расонида мешавад, ҷамъ карда, имкони ба сатҳи нав баровардани онро медиҳад.
— Дар бино барои ҳаракати шаҳрвандони ногироидошта шароитҳо муҳайё аст, — гуфт директори марказ Элёр Отабоев. — Минбаъд онҳо метавонанд, хидматҳоро аз муайян кардани ногироӣ сар карда, то воситаҳои зарурии ҳаракат ва кӯмакҳои молиявии дигар дар худи ҳамин ҷо дастрас намоянд. Инчунин, дар марказ бо мақсади кӯмаки ҳамаҷониба фаъолияти рӯҳшиносони соҳибтаҷриба ва ходимони иҷтимоӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Дар даромадгоҳ пандус, дар толори интизорӣ курсиҳои бароҳат ва майдончаи бачагона мавҷуд буда, хонаи тиббӣ низ мувофиқи талаби замон ҷиҳозонида шудааст.
Бинои Маркази хидматрасонии иҷтимоии «Инсон»-и ноҳияи Нарпай низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими кушодашавӣ ҳокими ноҳия, роҳбарони секторҳо ва зиёиёну фаъолони ноҳия иштирок карданд.
Марказ дар ҳудуди маҳаллаи Нарпай қад афрохта, ба аҳолӣ аз рӯи дар маҳалла ташкил намудани хидматрасонии иҷтимоӣ, кор бо пардохтҳои иҷтимоӣ, шахсони ногироидошта, пиронсолон ва оилаҳое, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, инчунин ҳимояи иҷтимоии кӯдакон хизмат мерасонанд.
Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки маркази мазкур бо ташаббуси Президентамон бо мақсади некӯҳолии аҳолӣ ва баланд бардоштани қадру қимати инсон ташкил шуда, дар замири он танҳо манфиатҳои шаҳрвандон дар назар дошта шудааст.
Илова бар ин, таъкид гардид, ки ин марказ баҳри барқарорсозии фазои иҷтимоӣ дар байни мардум, қонеъ кардани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва ҳалли муаммоҳои онҳо хизмат мекунад.
Ёдовар мекунем, ки чунин марказ дар ноҳияи Пайариқ низ ба фаъолият оғоз кард.
