Дар мамлакати Қатар бозиҳои Ҷоми Осиё аз рӯйи футбол идома дорад.
Дар он 26 даста барои чемпионӣ кувва меозмояд. Дар вохӯрии аввалин дастаи мизбон — Қатар бо дастаи миллии Лубнон (гурӯҳи “А”), ки дар варзишгоҳи Лусаил бо 82490 нафар мухлис (дар Ҷоми Осиё натиҷаи рекордӣ) гузашт, мизбонон бо ҳисоби 3:0 ғалаба ба даст оварданд. Дар навбати 1-и Ҷоми Осиё натиҷаҳои зерин қайд гардид:
Хитой -Тоҷикистон 0:0, Австралия –Ҳиндустон 2:0, Ӯзбекистон-Сурия 0:0, Эрон-Фаластин 4:1, АМА-Гонконг 3:1, Япония –Ветнам 4:2, Кореяи Ҷанубӣ-Баҳрайн 3:1, Индонезия-Ироқ 3:1, Эрон-Фаластин 4:2Малайзия-Иордания 0:4, Арабистони Саудӣ-Уммон 2:1, Қирғизистон-Таиланд 0:2.
Мутаассифона, дастаи миллии Ӯзбекистон, ки аз гурӯҳи “Б” ҷой гирифтааст, бозии нахустинро рӯзи 13-уми январ дар варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад бар зидди Сурия гузаронда, ғалаба ба даст оварда натавонист. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расид. Аз ин гурӯҳ инчунин, дастаҳои Австралия ва Ҳиндустон ҷой гирифтанд.
Ҳоло бозиҳои навбати 2 мегузаранд. Рӯзи 18-уми январ футболбозони Ӯзбекистон бар зидди Ҳиндустон ба майдон баромада, бозиро бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи худ ҳал карданд. Рӯзи 23-юми январ дастаи миллии Ӯзбекистон бо дастаи миллии Австралия шуда мегузарад. Ҳоло дар гурӯҳи “Б” дастаи миллии Австралия, ки дастаи миллии Сурияро мағлуб кард, бо 6 хол пешсаф аст. Ӯзбекистон бо 4 хол дар ҷойи 2-юм қарор дорад.
Умед мекунем, ки футболбозамон дар бозӣ бо Австралия натиҷаи хубро нишон дода, ба зинаи болоии мусобиқа (нимфиналӣ) мебарояд.
Ҷ.АСРОР
Дар Қатар бозиҳои Ҷоми Осиё идома доранд
