Бо ташаббуси ҳокими вилоят дар маҳаллаи Мелихӯҷаи ноҳияи Каттақӯрғон дар асоси мезони “Хонадони обод – кӯчаи обод – маҳаллаи обод” корҳои сохтмониву ободсозӣ амалӣ мегарданд.
Маҳаллаи Мелихӯҷа, ки беш аз панҷ ҳазор нафар аҳолӣ дорад, ба тоифаи маҳаллаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодиашон душвор дохил шудааст. Гурӯҳи кории ҳокимият муаммоҳои чор деҳаи ҳудудро муайян кард. Аз ҷумла, аз 38 кӯчаи дохилӣ 30-тоаш таъмирталаб аст. Бояд 12 километр роҳи се кӯчаи марказӣ мумфарш карда шавад. Дар масофаи 35 километр роҳ сангчамайда (шағал) паҳн кардан лозим аст. Ғайр аз ин, дар масъалаи таъмини барқ, гази табиӣ ва оби ошомиданӣ низ як қатор норасоиҳо вуҷуд доранд. Сутунҳои барқиву трансформаторҳои кӯҳнаро иваз, ду манораи обро таъмир ва бунёди ду манораи нав, инчунин ба масофаи 19 километр кашидани хати оби ошомиданӣ зарур аст. Баъди ин, муаммои деринаи 920 хонавода ҳалли худро меёбад.
Ҳокими вилоят ба ин маҳаллаҳо ташриф оварда, корҳои омӯзиши гурӯҳи кориро таҳлил кард. Ҳолати муассисаҳои тиббиву таълимӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва роҳҳоро аз назар гузаронд.
Э. Турдимов ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набудани шароити мавҷудаи мактаби рақами 103-ро таъкид карда, аз рӯи ислоҳи вазъият ба мутасаддиён супоришҳо дод. Инчунин, вазифаҳое, ки бояд дар се мактаби боқимонда иҷро шаванд, муайян карда шуданд. Ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ 1000 адад китоби нав доданд.
Э.Турдимов дар худи ҳамин ҷо бо иштироки роҳбару масъулони ташкилотҳои мутасаддии вилоят корҳои сохтмону ободонӣ, ки дар ноҳия ба ҷо оварда мешаванд, муҳокима кард.
- Масъалаҳои вобаста ба инфрасохторро ҳокимият ва ташкилотҳои дахлдор ҳаллу фасл мекунанд ва мо барои ин маблағ ҷудо мекунем, — гуфт Э.Турдимов. — Дар мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ ва тиббӣ корҳои сохтмониву таъмиркунӣ амалӣ мегарданд. Лекин, танҳо бо ин ҳудуд обод намешавад. Пеш аз ҳама тарзи ҳаёти аҳолиро тағйир дода, маданияти онҳоро баланд бардоштан лозим аст. Зеро, ободӣ аз дил, аз хонадон оғоз мешавад. Дар ҳар як хонадон шароити мусоиди зиндагӣ офарида шуда, тарзи зиндагии солим қарор ёфтанаш зарур. Барои ин мардум бояд бедор шаванд. Ба ақидаи «Дар шароити деҳот шудан мегирад» хотима медиҳем. Агар лозим шавад, ба ҳар як оила рафта, ба онҳо зиндагии хуб ва барои он кӯшиш карданро ёд медиҳем. Аксарияти заминҳои корами маҳалла истифода нашуда, бенигоҳубин мондаанд. Гарчанде, ин манбаи асосии даромади мардуми деҳот аст. Ба одамон ба воситаи додани асбобу анҷомҳои зарурӣ, тухмиҳо ва сохтани гармхонаву ҷудо кардани қарз омӯзем, ки аз замин низ ҳосили фаровон ва даромад гирифтан мумкин аст.
Ҳокими вилоят барои бо варзиш шуғл варзидани аҳолӣ, алалхусус пурмазмун гузаштани вақти холии ҷавонон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба назди мутасаддиён вазифаҳои амиқ гузошт.
