Ovozi.uz

Журналист ва блогерҳо аз санҷиши тиббӣ гузаштанд

Рӯзҳои 17-18-уми январи соли равон аз ҷониби Садорати тандурустии вилоят ва Садорати вилоятии Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавии шаҳру ноҳияҳо, кормандони хадамоти ахборӣ ва блогерҳо санҷиши тиббии бепул ташкил карда шуд.
Аз ҷумла, дар поликлиникаи оилавии дуюми шаҳри Самарқанд кормандони телевизион ва радио, газетаҳои вилоят, масъулони хидматҳои ахборӣ, блогерҳо, журналистони интернетӣ аз санҷиш гузаштанд.
– Тӯли сол дар чорабиниҳои гуногун гашта, гоҳо ба саломатии худ беэътиборӣ мекунем, — гуфт журналист Шаҳло Аҳророва. – Барои аҳли қалам, кормандони воситаҳои ахбори оммавии вилоят мунтазам ташкил гардидани чунин чорабиниҳо ба манфиати кор аст. Зеро, саривақтӣ аниқ ва табобат кардани беморӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар рафти санҷиши тиббӣ шифокорони гуногунихтисос моро муоина карда, маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Дар доираи чорабинӣ саломатии беш аз 300 нафар кормандони соҳа аз санҷиш гузаронида шуд.


Дар поликлиникаи марказии Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Булунғур низ бо мақсади афзунсозии самарадории кор, саривақтӣ ташхис кардани бемориҳои кормандони воситаҳои ахбори оммавии ноҳия санҷиши тиббӣ ташкил карда шуд.
Дар доираи муоинаи тиббӣ ба кормандони соҳа барои пешгирии бемориҳо тавсияҳои зарурии тиббӣ дода шуд.