Ovozi.uz

Ба ободонӣ ҳисса ҳамроҳ мекунанд

Дар маҳаллаамон 703 нафар (14-30-солагон) зиндагӣ мекунанд, — гуфт пешсафи ҷавонони маҳаллаи Гулободи ноҳияи Булунғур Моҳичеҳра Каримова. — Ҳоло ҷавононамон зери шиори “Фасли зимистон бекорӣ гуфтан нест” ба ободонии гузару маҳаллаамон ҳиссаи худро ҳамроҳ менамоянд. Онҳо амалҳоеро, мисли буридани шохаҳои хушкшудаи дарахтҳо, тозакунии ҷӯйборҳо, ба саҳро кашондани нурии маҳаллӣ (пору) ба тариқи роҳи ташкил кардани ҳашар амалӣ мегардонанд. Ҷавонони маҳалла баъди кор дар толори варзишии мактаби таълими умумии рақами 16 бо намудҳои волейбол, баскетбол, мини футболи варзиш шуғл меварзанд. Аз оғози соли 2024 бо мақсади муҳайё кардани шароитҳои мусоид барои ҷавонони тадбиркор ва аҳолии маҳалла 2-то дӯкони савдо ва сартарошхонаи мардонро ба кор даровардем. Аз ин хел меҳнати ҷавонони ташаббускор аҳолии маҳалла шод шуданд. Дар амалӣ гардонидани корҳои саҳро Шерзод Нуралиев, Ҷаҳонгир ва Ёрқин Сатторовҳо, Фурқат Илёсов, Мадинабону Хӯҷаёрова ба дигарон намунаи ибрат гардиданд.
Аксбардор Раббим ҲОТАМОВ,
ноҳияи Булунғур.