Ovozi.uz

Боварӣ ба оянда ва барқарории бозор


Дар диёрамон шумораи корхонаҳое, ки бо иштироки сармояҳои ширкатҳои Чин фаъолият пеш мебаранд, бисёр мешавад.
Инчунин, ба туфайли нигоҳҳои муштараки ду давлати ҳамкор истеҳсоли маҳсулот дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони кишвари Чин зиёд шуд.
Ҳоло дар вилояти мо бо иштироки сармояҳои ширкатҳои чинӣ 51‑то корхонаи муштарак ва 29‑то хориҷӣ фаъолият доранд.
Соли 2022 дар доираи амалӣ кардани 48‑то лоиҳаи сармоягузорӣ 425 миллион доллар маблағи сармоягузории хориҷии Чин азхуд гардид. Соли 2023 дар натиҷаи амалӣ намудани 57‑то лоиҳаи сармоягузорӣ 394 миллион доллар сармоягузории хориҷии Чин роҳандозӣ карда шуд. Муқоисаи ин рақамҳо нишон медиҳад, ки миқдори сармоя дохил кардани соҳибкорони чинӣ ба бозори Ӯзбекистон афзудааст. Ин аз боварӣ ба оянда ва барқарорӣ дар бозори дохилӣ, мавҷуд будани ресурсҳо, шароит ва имкониятҳои содиротӣ далолат мекунад.
Агар савдои хориҷиро муқоиса кунем, дар соли 2023 гардиши маҳсулот 711,8 миллион долларро ташкил намуд. 645,8 миллион доллари он воридот ва 66 миллион доллар содирот аст.
Маҳсулоти асосие, ки ба Чин содирот карда мешавад, асосан ба ҳиссаи мис, чормағз, ришта ва калобаи пахта ва ғайра рост меояд.


Хизмати ахбори Садорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии вилоят