Деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориш бо манзараҳои дилошӯбу шаршараҳои шӯху беқарор, кӯҳҳои бовиқору табиати нотакрор, таровати чашмаҳои серобу шифобахш, доманаю адирҳои сабзу хуррам ва боду ҳавои фораму манзараҳои зебои худ ҳар бинандаро дар ҳайрат мегузорад.
Атрофи деҳаро кӯҳҳои осмонбӯс иҳота намудааст ва деҳа шакли хумеро мемонад, ки дар даруни худ манзараи нотакрор дорад. Бахусус, дар оғози фасли баҳор деҳаи Ӯхм чеҳраи тозаи арӯсро ба худ касб мекунад. Дар ин вақт чашмаю сою шаршараҳо бештар ба хурӯш меоянд. Дар кӯҳҳои Бота, Бедак, Заҳак, Фӯҷаки деҳа чашмаҳои зиёд ҳастанд, ки чашмаи Сафед, Заҳак, Бедак, Чормағзак аз ин ҷумлаанд. Яке аз чунин чашмаҳои машҳури Ӯхми бостон чашмаи Зиндагонӣ мебошад, ки дар бораи он дар китобҳои «Чашмаи зиндагонӣ»-и Х. Ӯролзода, «Шарораи хотираҳо»-и Ҳ. Бозоров ва «Тоҷикони Фориш»-и М. Нурназар низ маълумотҳои ҷолиб оварда шудааст.
Оби чашмаи Зиндагонӣ хушкнашаванда ва дармонбахш мебошад. Вақте ки шахси бемор аз он ҷо об мегирад, бо нияти шифо ба чашма танга мепартояд. Бино ба маълумоти коршиносон оби чашмаи Зиндагонӣ ба бемориҳои пӯст ва ҳар гуна захму ҷароҳатҳо шифо будааст. Аз рӯйи нақли мардуми маҳаллӣ онро беҳуда чашмаи Зиндагонӣ намегӯянд. Чашмаҳои гирду пеши деҳа хушк шаванд ҳам, оби ин чашма ҳеҷ намехушкад. Ҳатто дар хушксолиҳо низ оби он равон аст. Аз оби чашма мардуми якчанд деҳаи атроф низ истифода мебаранд.
Рухсора ДӮНАБОЕВА,
сокини деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах
