Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1-уми феврали соли 2024 “Дар бораи мақоми омӯзгор” аз тарафи Президент имзо гардид.
🔰 Дар қонун ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо, кафолатҳои асосии фаъолияти педагогҳо, додани музди шоистаи корӣ, рағбатноксозӣ ва тамоюлҳои ҳифзи иҷтимоии онҳо муқаррар карда шудаанд.
☑️ Ҳуқуқ, шаъну шараф, шаън, қадру қимат ва шарафи кории омӯзгор дар ҳимояи давлат қарор дорад.
📁 Ба шахсе, ки бори аввал дар муассисаи таълими умумӣ фаъолияти касбии худро оғоз мекунад, барои пешбарии фаъолияти муаллимӣ дар давоми як соли таҳсил педагоги ботаҷриба вобаста карда мешавад.
🚫 Мувофиқи қонун, инҳо манъ карда шудаанд:
🔹 ҷалб намудани педагог ба корҳое, ки ба фаъолияти касбии ӯ алоқаманд нестанд, аз ҷумла корҳои ободонӣ ва хоҷагии қишлоқ;
🔹аз педагог талаб кардани таҳия ва тақдим намудани ҳисобот ва дигар маълумотҳое, ки ба ӯҳдадориҳои касбии ӯ алоқаманд нестанд, аз ҷумла ташаккули ҳисобот дар бораи бо кор таъмин намудани хатмкунандагон;
🔹ба зиммаи муаллим вогузоштани маҷбурияти хариди мол ва хидматҳо, аз ҷумла бе ризоияти хаттии ӯ аз маош нигоҳ доштани маблағ барои молу хидматрасонӣ.
Қонуни мазкур аз рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” аз тарафи Президент имзо гардид
