Ovozi.uz

Боздошти як гурӯҳ заминфурӯшони ғайриқонунӣ дар вилоятҳои Сирдарё, Намангон ва Қашқадарё

Ходимони хизмати амнияти давлатӣ ҳангоми гузаронидани чораҳои зудамал, дар вилоятҳои Сирдарё, Намангон ва Қашқадарё ҳолатҳои фурӯши ғайриқонунии заминро пешгирӣ карданд. Чӣ тавре, ки маълум мекунанд дар ноҳияи Оқолтини вилояти Сирдарё шаҳрванди 34 сола 26 хол замини объекти хизматрасонӣ ва 20 хол замини захираи хоҷагии ҷангалзорро ба тадбиркор ба ивази 46,5 ҳазор доллари ИМА аҳд карда, ҳангоми гирифтани маблағи мазкур, аз тарафи ходимони ҳифзи ҳуқуқ дастгир мешавад. Чунин ҳолати ғайриқонунӣ дар вилояти Намангон низ аз тарафи ходимони хизмати амнияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо ходимони идораи корҳои дохилӣ пешгирӣ шудааст. Дар давоми чорабинӣ сокини ноҳияи Тӯрақӯрғон шахси 28 сола 36 хол замини дар захирабудаи ҳокимиятро ҳамчу замини шахсӣ ба ивази 25 ҳазор доллар ваъда карда, ҳангоми гирифтани 10,6 ҳазор доллари он дастгир мешавад. Дар вилояти Қашқадарё низ дар давоми гузаронидани чораҳои зудамал истиқоматкунандаи 52 солаи ноҳияи Чироқчӣ, ки 13 хол замини дар ҳудуди ноҳияи Шаҳрисабзбудаи худро, ки худсарона соҳибӣ карда буд ва 12 хол замини зист , ҷамъ 25 хол заминро ба ивази 300миллион бо харидор аҳд карда, ҳангоми гирифтани 10 ҳазор доллари ИМА аз тарафи ходимони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст. Инчунин, шарики ӯ ходими Палатаи кадастри давлатии филиали Шаҳрисабз бо 800 доллар пора дастгир шудааст. Ҳоло нисбати ҳолати мазкур мувофиқи кодекс бо моддаҳои дахлдор парвандаи ҷиноӣ кушода, корҳои пурсуҷӯӣ давом дорад.