Имрӯз, 3 –юми феврал дар Қатар баҳсҳои финали 1\4-и Ҷоми Осиё аз рӯйи футбол идома меёбад. Футболбозони дастаи миллии Ӯзбекистон бо сарпарастии сармураббӣ Сречко Катанес дар ин зина бо мизбон – дастаи миллии Қатар қувваозмоӣ мекунанд.
Дастаҳо то ин вақт байни худ 14 маротиба вохӯрдаанд, дар 9 бозӣ Ӯзбекистон, дар 3 бозӣ Қатар ғалаба ба даст овардаанд. Боз дар 2 баҳс ҳисоби дуранг қайд гардидааст.
Барои маълумот, вохӯрии Ӯзбекистон-Қатар бо вақти 20:30-и Тошканд дар варзишгоҳи “Ал-Байт”-и шаҳри Доха оғоз мегардад. Бозӣ дар канали телевизионии Sport.uz намоиш дода мешавад.
Ҷоми Осиё-2023: Имрӯз Ӯзбекистон бо Қатар қувва меозмояд
