Бо мақсади гурехтан аз пардохтҳои боҷхона барои бо роҳи пинҳонӣ дохил кардани маҳсулотҳои моддӣ аз тарафи идораҳои боҷхона бар зидди он бо тарзи қонунӣ мубориза мебаранд. Аз ҷумла, ходимони шӯъбаи мубориза бар зидди контрабандаи Садорати боҷхонаи вилояти Самарқанд дар ҳамкорӣ бо ходимони Садорати корҳои дохилӣ, дар давоми чораҳои зудамал дар шаҳри Самарқанд савдои телефонҳои мобилие, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба мамлакатамон ворид шудааст, фош намуданд. Дар давоми чорабинӣ, дар дохили машинаи тамғаи «Нексия-2», ки дар истгоҳи автобус қарор дошт, ҳангоми машғули ҷустуҷӯи сумкаҳои сиёҳи пур аз телефони мобилӣ, ки бо мақсади фурӯш тайёрӣ мекард, муайян гардид. Дар натиҷаи аз назар гузаронидани сумкаҳо аз тарафи ходимони дахлдор бо иштироки холисон 21 навъ, 94 дона (ба қимати 300 миллион сӯм) телефонҳрои мобилии истеҳсоли хориҷӣ аниқ гардид, ки он ягон хел аз рӯйхати боҷхона нагузаштааст. Савдои телефонҳои мобилӣ нигоҳ дошта шуда, ҳуҷҷатҳо ба тарзи просесуалӣ расмӣ гардонида шудааст. Ҳоло нисбати ҳолати мазкур аз тарафи ходимони идораҳои гумрук корҳои пурсуҷӯӣ давом дорад.
Боҷхоначиён ба гардиши зиёда аз 300 миллион сӯмина телефонҳои мобилии ғайриқонунӣ нуқта гузоштанд
