Дар вилоятамон бо мақсади офаридани шароитҳои зарурӣ барои рушди намудҳои эко ва экстремалии сайёҳӣ 6‑уми феврали соли равон аз ҷониби роҳбари давлатамон қарор «Дар бораи чораҳои ташкил намудани фаъолияти минтақаи сайёҳӣ-рекреатсионии «Оҳалик — Оқбӯйро — Миронқул» имзо гардид.
Дар қарор оиди ба коммисияи ҳукуматӣ дар муддати як моҳ тақдим кардани таклифҳо роҷеъ ба ташкил намудани фаъолияти минтақаи рекреатсионии сайёҳии «Оҳалик — Оқбӯйро — Миронқул» таҳияи сарнақшаи минтақа то 1‑уми августи соли равон ва дигар кардани тоифаи заминҳои зарурӣ, инчунин ташкили шӯъбаи ҳифзи сайёҳии бехатари Садорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва дигар вазифаҳо чораҳо муайян карда шудаанд.
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур дар ҳокимияти ноҳияи Самарқанд бо иштироки ҳокими вилоят Э. Турдимов ҷамъомад гузаронида шуд.
Дар он чораҳои рушди комплексии соҳаи сайёҳӣ дар атрофи минтақаи сайёҳӣ, ки бо қарор тасдиқ гардидаанд, инчунин масъалаҳои татбиқи барномаи рушди инфрасохтори минтақаи сайёҳӣ ва роҳ-нақлиёте, ки ба он мебарад, инфрасохтори меъморӣ-коммуникатсионӣ ва истеҳсолот муҳокима карда шуданд.
— Дар қарор қайд гардидааст, ки то 1‑уми майи соли равон ҷамъ 2545 гектар замини Оҳалик, Оқбӯйро ва Миронқул бо тартиби муайян ба ҳисоби дирексия гузаронида шаванд, — гуфт Э. Турдимов. — Барои ин, ҳокимияти ноҳия бо ҳамкории ташкилотҳои дахлдор корҳои барӯйхатгирӣ ва омӯзиширо пеш бурда, таклифҳои худро пешниҳод кунанд. Инчунин, роҷеъ ба ҳар як минтақа лоиҳаҳо таҳия карда, аз пайи амалӣ намудани онҳо бояд шуд. То 1‑уми августи соли равон сарнақшаи минтақаи сайёҳӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии муфассал таҳия карда мешаванд. Дар ин ҷараён таклиф ва лоиҳаҳоро бояд ба инобат гирифт. Умуман, азбаски минтақаи сайёҳӣ барои рушди сайёҳӣ ба ривоҷи инфрасохтори минтақа, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди сатҳи зиндагонии аҳолӣ хидмат менамояд, барои ҳар чӣ зудтар амалӣ шудани он, аз маҳаллаҳо сар карда то ҳокимият бояд фаъол иштирок намоянд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби садорати сайёҳӣ, ҳокимияти ноҳия ва дигар масъулин оид ба корҳои амалии минтақаи сайёҳӣ лоиҳаҳо тақдим карда шуданд.
Дар ноҳияи Самарқанд минтақаи нави сайёҳӣ ташкил мешавад
