Ovozi.uz

Лаззати зиндагӣ дар чист?

Оҳанги умр

Рӯзҳои аввали зимистон буд. Аз сардии ҳаво дасту поям меларзид. Сӯи хобгоҳ мешитофтам. Ногоҳ чашмам ба марди тахминан 45–50 солае афтод, ки рӯйи яке аз нишастгоҳҳои канори пайроҳа менишаст. Дар тан либосҳои жандаву тунук дошт. Ҳаво чунон хунук буд, ки кас лаҳзае наметавонист дар як ҷо биистад. Аммо мард дар як тарафи нишастгоҳ дасту пойҳояшро ба ҳам оварда менишаст. Дар даст як бурда нон дошт ва базӯр ба даҳон мебурд. Ин бори аввал набуд, ки ман ӯро дар ин ҷо медидам. Аз сару либос ва вазъаш аён буд, ки оилаву хона надорад.
Ҳар бор бубинам, дилам таҳ мекашид ва дар худ меандешидам, ки «Наход дар ин синну сол соҳиби хонаву дар нашуда бошад. Охир, ҳоло замон тинҷу осуда аст ва барои кору фаъолият имкониятҳои васеъ фароҳам». Зани солхӯрдае, ки паҳлӯ ба паҳлӯи ман меомад, аз ҳайратам маъно гирифта, «Худо инсоф надиҳад мушкил аст. Як одами тупа-тузук, соҳиби хонаву ҷой, кори дуруст буд. Ба ҳамин арақи гӯрсӯхта руҷӯъ монду ҳамааш барбод рафт», гуфт.
Баъди шунидани суханҳои зан дубора ба дарёи андеша ғӯта задам. Аз худ мепурсидам, ки чаро баъзе инсонҳо ба сарашон мушкиле афтад ё корашон пеш наравад, алами худро аз нӯшокиҳои спиртӣ мегиранд? Оё нӯшидани арақ аламу ғуссаи касро кам мекунад? Магар аз ин амали номатлуб корашон пеш меравад?
Воқеан, зиндагӣ пур аз шебу фароз аст. Дар он танҳо инсонҳое муваффақ мегарданд, ки иродаи мустаҳкам доранд ва ба зиндагӣ бо назари нек менигаранд. Зиндагӣ маҳз бо ҳама талхиву шӯриаш ширин аст ва лаззати онро кас танҳо пас аз афтодану дубора ба по рост шудан амиқтар ҳис мекунад. Мо ҷавонон бояд ҳар як лаҳзаи зиндагиро қадр кунем. Зеро, ба дунё як маротиба меоему халос…

Шаббода АСОМИДДИНОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов