Ovozi.uz

САРИ ТАЪЗИМ ФУРУД ОРЕМ…

Ман пас аз Ҷанги дуввуми ҷаҳон ба дунё омадаам. Худам азобу машаққатҳои ҷангро надида бошам ҳам, оқибатҳои онро гувоҳ шудаам. Солҳои душвор буданд он солҳо. Танқисии молу маҳсулот дар сари ҳар қадам эҳсос мегардид. Аз ҳама фронтовикҳои маъюбу маслуқ ва ё бепою дастро дидан таъзиқовар буд. Ҳарчанд хоҳам, ки ба онҳо ёрие расонидан аз дастам намеомад. Шароити иқтисодиву зиндагонии худамон ҳам дар сатҳи паст қарор дошт ва мо илоҷе карда рӯз мегузарондем. Сару либосамон даҳҳо дарбеҳ дошт. Аз ҳамон боз як ғамхорӣ ё ҳисси таваҷҷӯҳ ба иштирокчиёни ҷанг дар дилам ошён мондааст ва барои хотираи онҳоро ба некӣ ёдоварӣ кардан кӯшиш менамоям.
Солҳои ҷанги 1941‒1945 аз деҳаи Равонаки ноҳияи Самарқанд 66 нафар ҷавонписарон ба фронт сафарбар шудаанд. Пас аз Ғалаба баъзеи онҳо бо ордену медалҳо баргаштанд. Маъюбу маслуқон ҳам кам набуданд. Масалан, Ҳотам Бозоров бо ордени «Ситораи сурх» ва дигар ордену медалҳо баргаштааст. Мӯсоака дар отряди партизании Ковпак ҷангидааст. Неъматхон Қулизода аз ҷанг баргашта, аз маблағи бо арақи ҷабин ҷамъкардааш кӯчаи даруни деҳаро мумфарш кард. Ин иқдоми нахустин буд. Дар ин бора дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» (аз 12‑уми апрели соли 2017) мақолае бо номи «Сари таъзим» чоп шудааст. Ин иқдоми некро соли 2019 собиқ раиси маҳалла Орифҷон Тӯраев идома дод ва бо ҳиссагузории завҷаи Рауфхон Толибов ‒ Зӯҳрохон Тӯраева ин кӯча аз нав мумфарш карда шуд.
Ин рӯйхатро боз давом додан мумкин аст. Мувофиқи ҳисоботи маҳаллаву шӯрои деҳот 14 нафар фронтчиён ба зодгоҳашон барнагаштаанд. Ман ба бисёр хонадонҳо рафта, пурсуҷӯй кардам, ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат намудам. Маълум шуд, ки 14 нафар неву 29 нафар барнагаштаанд ва онҳо Муҳаммадӣ Мақсудов, Ҳоҷӣ Азизов, Фаридун Кароматов, Ҳабиб Саидов, Шукрулло Самадов, Қаҳҳор Сатторов, Асрор Тӯраев, Насрӣ Ҳамидов, Маҳмуд Муаттаров, Мутасиб Акрамов, Асадулло Ҳоҷиев, Мисриддин Шаҳобов, Шариф Шоҳхӯҷаев, Қуддус Раҳматов, Бақо Умаров, Барака Мансуров, Ӯрунбек Зиёев, Қурбон Исматов, Мурод Исматов, Ҳоҷӣ Ҳалимов, Зиё Ҳамидов, Йӯлдош Истамов, Насим Ҳасанов будаанд.
Аз ҳама даҳшатноктараш ин аст, ки аз ду оила сенафарӣ бародарон ба канори оилаи худ барнагаштаанд. Масалан, аз як оила се бародарон — Саъдулло, Шукрулло ва Малла Ҷунайдовҳо (амакҳои Ҳоҷӣ Ғайбуллобобо) ҳалок ва ё бедарак гум шудаанд. Ҳамчунин, ба ҳамин тақдир аъзои хонаводаи дигар Абӯбакр, Умар ва Усмон Ҷалоловҳо (амакҳои Аҳмадмуаллим) рӯ ба рӯ гардидаанд. Калонсолон нақл мекарданд, ки модарони зори онҳо бо чашми гирёну ба дар нигарон аз олам гузаштаанд. Онҳо барои маҳв кардани фашизми хунхор ва озодии имрӯзаи мо ҷони ҷавони худро дареғ надошта, дар кишварҳои бегона хок шудаанд. Мумкин имрӯзҳо ба болои қабри онҳо мардуми бегона гулҳои тару тоза гузоранд.
Мо бояд барои ҳурмати шири сафеди модарҳо ва хуни сурхи рехтаи шаҳидон, ба пеши руҳи покашон сари таъзим фуруд орем, зиндаҳоро азиз дорему ба қадрашон расем ва ба ҷадри замони тинҷу осоишта бирасем.

Шодмон АМОНУЛЛОЕВ