Ovozi.uz

“101-латифаи Насриддин Афандӣ” рӯнамоӣ шуд

Дар мактаби мо ташкили вохӯрӣ бо шоирону фозилони Самарқанд ба анъана табдил ёфтааст, ки мақсад аз ин шиносонидани хонандагон бо ҳаёту фаъолияти аҳли адаб мебошад.
Яке аз чунин чорабиниҳои адабӣ 20-уми феврали соли ҷорӣ бо иштироки нависандаи бачагона, рӯзноманигори маъруф Бахтиёри Ҷумъа баргузор гардид. Хонандагони синфи 3 “А” таҳти роҳбарии муаллима Баҳора Валиева тақдимоти маҷмӯаи латифаҳои “101-латифаи Насриддин Афандӣ”-и адибро гузаронданд.
Сараввал директори мактаб М.Муродова ҳозиринро хайрамақдам гуфта, дар бораи шахсият ва асарҳои нависанда Б.Ҷумъа ҳарф зад. Сипас, донишомӯзон оид ба зиндагинома ва фаъолияти адабии нависанда маълумот доданд, дар васфи китоб ва мутолиаи он суханони ҳикматомез ва шеърҳои дилнишин қироат карданд. Танинандоз гардидани сурудҳои дилкаш ва иҷрои рақсҳои зебои хонандагон табъи меҳмононро болида гардонид.
Инчунин, аз тарафи хонандагон дар асоси маҷмӯаи латифаҳои “101-латифаи Насриддин Афандӣ” саҳнаҳои ҳаҷвӣ гузошта шуд.
Хонандагон — Муниса Абророва, Азимҷон Масудҷонов, Шаҳрӯзҷон Эргашев, Шоҳмирҷон Ӯктамов, Зиннура Зайниева, Марҷона Рафиқова, Фаризабону Пӯлодҷонова, Меҳрангиз Вафоқулова ва Фарзонабону Мансурҷонова фаъол иштирок карданд.
Дар охир, устоди Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон-Финландия Нодир Қаюмов роҷеъ ба нақши Бахтиёр Ҷумъа дар рушди адабиёти тоҷики муосир ва паҳлӯҳои хосаи эҷодиёти нависанда ҳарф зад. Нависанда Бахтиёри Ҷумъа ба саволҳои хонандагон посух гуфта, ба китобхонаи мактаб китоб тӯҳфа кард.
Дар тадбир донишҷӯёни таҷрибаомӯзи факултаи “Таълими ибтидоӣ ва фанҳои гуманитарӣ”-и донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон-Финландия, инчунин падару модарон иштирок карданд.

Азиза МӮЪМИНОВА,
муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 43-и ноҳияи Самарқанд