Ovozi.uz

2-юми март — Рӯзи зодрӯзи шоир Абдулло Субҳон

Имрӯз шоири маъруфи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, рӯзноманигор ва тарҷумони моҳир Абдулло Субҳон зодрӯз доранд. Шоири маҳбубу маъруф Абдулло Субҳон 2 марти соли 1955 дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё ба дунё омадааст. Деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато (вилояти Навоии Ӯзбекистон), ки дар ашъораш аз он бисёр ёд кардааст, зодгоҳи падару бобоии ӯст. Падару модараш бобои Амонуллоҳ ва момои Таскина инсонҳои одии зиндагидӯст буданд ва бо шуғли хоксоронаи деҳқонӣ фарзандони худро дар рӯҳияи қаноату кордӯстӣ ба камол расондаанд.  Абдулло Субҳон соли 1972 мактаби миёнаи шумораи дуюми ба номи Садриддин Айниро дар зодгоҳи худ хатм мекунад. Сипас ба муддати чаҳор сол дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнии шаҳри Самарқанд илм меомӯзад. Бо фаро гирифтани таҳсилоти олӣ чанд сол дар мактаби миёнаи рақами 9-и ноҳияи Сайҳунобод аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс медиҳад. Азбаски навиштаҳои Абдулло Субҳон пайваста дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба табъ мерасиданд, соли 1989 маъмурияти рӯзномаи «Овози тоҷик» ӯро ба кор даъват мекунад. Шоир то ба имрӯз дар ҳамин идора фаъолият дорад ва дар айни ҳол муҳаррири бахши адабиёт ва ҳунари рӯзнома аст.

Дар байни форсисароёни Ӯзбекистон Абдулло Субҳон мақоми шоиста дорад. Ӯ бар замми навиштани шеър бори устодӣ бар эҷодкорони ҷавонро низ мекашад. Аз чашмаи устодии ӯ чандин шоиру адиби ҷавон об хӯрдаанд.  Суханаш ҷаззоб, рангин, пур аз тамсил ва тозапардозӣ, ошиқона ва то ҷое орифона аст.Абдулло Субҳон бо вуҷуди шефтаи шакли ҷадиди шеърофаринӣ будан дар қолабҳои қадима, аз қабили дубайтӣ, рубоӣ ва ғазал низ ашъори хуб гуфтааст. Ба вижа, дубайтиҳои шоир, ки таҳти рукни «Гарди анҷум» гирд омадаанд, бо лаҳни дилпазир ва дар мавзӯъҳои мухталифи ҳаётӣ суруда шудаанд. Адабиётшинос Султонмурод Олим дар мақолаи илмӣ-интиқодии худ «Дунёи дили шоир» («Овози тоҷик», 02.03.2005) роҷеъ ба ашъори Абдулло Субҳон сухан ронда, аз ҷумла, менависад: «Дар шеърҳояш колорити миллӣ ҳаст, дилаш аз ишқи ватан ҷӯш мезанад. Мисол, дар бораи абру то имрӯз бисёр шоирон навиштаанд, шояд дар ғарб низ чунин бошад. Вале дар шеъри «Бо абру имоям кунӣ» шоир аввал абруи моҳи нави болои масҷидро ба қалам мегирад, сипас ба маъшуқа арз мекунад, ки «бар боми масҷиди сухан ман моҳи абруят задам»… Шоир дар ин ҷо орзуеро баён мекунад, ки ба хаёли ҳеч кас намеояд:

Бар гӯри муслим мезананд абруи маҳро баъди марг,

Абруи ту оро диҳад хоҳам сари гӯри маро.

Шабҳо тамошояш кунам, бо абру имояш кунам,

Бо абру имоям кунӣ, шояд ки бархезам зи ҷо…

Ин гуна сатрҳоро касе рӯйи коғаз рехта метавонад, ки аз сеҳри сухани шоирони классик огоҳӣ дошта бошад».Абдулло Субҳон, гузашта аз шоирӣ, ҳамчун рӯзноманигори серпаҳлу фаъолияти пурсамар дорад. Дар мавзӯъҳои муҳими рӯз мақолаҳои зиёд навиштааст. Осори назмӣ ва насрии эҷодкорони рус ва ӯзбекро ба тоҷикӣ тарҷума мекунад. Маҳсули эҷодии шоир тавассути китобҳои «Мушки субҳ» (Душанбе: 1988), «Нидои сарбадор» (бо алифбои форсӣ – Тошканд: 1992), «Уфуқи пиндор» (Тошканд: 2000), «Гарди анҷум» (Тошканд: 2007) ва «Марзи хуршед» (Тошканд: 2015) ба дасти хонандагон расидааст.Осори Абдулло Субҳон дар кишварҳои хориҷа, ба вижа, чандин бор дар баёзу китобҳои шеърии мунташира дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидаанд. Аз ин ҷумла, «Боғи бисёрдарахт» (Теҳрон, 2004), «Аз Самарқанди чу қанд» (Теҳрон, 2005), «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон. Қарни бистум то кунун» (Теҳрон, 2005), «Форсисароёни Ӯзбекистон» (Теҳрон, 2010).Абдулло Субҳон аз соли 1994 инҷониб узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон аст. Соли 2005 дар Ҳамоиши байналмилалии шеъри муосири форсӣ, ки дар Теҳрон баргузор шуда буд, ширкат ҷустааст. Ҳоло шоири маҳбуби мо бо хонаводааш дар шаҳри Тошканд иқомат дорад.Зодрӯзи шоири бомаҳорат ҳуҷаста бод! Аз даргоҳи Худованд барои устод умри дароз, зиндагии ширин, хушиву хушбахтиҳо, эҷоди ашъори нобтару ҷаззобтар ва осоиши пайвастаро таманно мекунем.