Имрӯз, 4-уми март дар қаламрави Ӯзбекистон заминларза рух дод. Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмологии Вазорати вазъиятҳои фавқулода хабар дод.
Соати 11:29 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон заминларза ба амал омад. Маркази заминларза ноҳияи Миришкори Қашқадарё мебошад.
