Дар ҷамъият соҳибони баъзе аз касбу кор ҳастанд, ки гарчанд меҳнаташон ҳалолу машаққатнок, аммо он қадар ҳам ба назар намерасад. Дар асл бошад, ба туфайли меҳнати фидокоронаи онҳо ҳудудҳо ободу зебо мегардад. Онҳоро қаҳрамонони рӯз гӯем муболиға нахоҳем кард.
Мардиева Ҳусния яке аз чунин занҳои фидоӣ мебошад, ки 15 сол боз дар Садорати ободонии вилоят фаъолият мебарад. Ӯ аз саҳар то бегоҳ баҳри тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи шаҳри Самарқанд камар баста, меҳнат мекунад. Се нафар фарзандашро низ аз паси меҳнати ҳалолаш ба воя расонидааст.
- Корамро дӯст медорам, — гуфт Ҳусния Мардиева. – Ҳар пагоҳӣ бо дили гарму муҳаббати зиёд ба кор меоям. Бо ҳамкоронамон ҳазлу шӯхикунон корро сар мекунем. Баъзан баъди рӯфтани кӯчаҳо дилам саршори меҳру ифтихор мегардад, ки ба ободии шаҳрамон ҳиссае мерасонам. Зеро, солҳои охир ба шаҳри бостониамон меҳмонони хориҷӣ бисёр меоянд, тозаву озода нигоҳ доштани он бошад вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мо аст.
