Ovozi.uz

Ҳуқуқи истеъмолгарон чӣ хел ҳимоя мегардад?

Дар вилоят иттиҳодияе, ки бо чунин фаъолият шуғл меварзад, дар соли 2023 ҷамъ 3297 муроҷиатро баррасӣ намуда, дар натиҷаи ҳалли мусбии онҳо беш аз 18,7 миллиард сӯм ба фоидаи истеъмолгарон рӯёнда шуд.

Дар 7 ҳолат ба суд даъво пешнидод карда, ҳуқуқи поймолшудаи истеъмолгарон барқарор карда шуд ва ба маблағи бештар аз 6,7 миллиард сӯм зарар пешгирӣ карда шуд.

Ғайр аз ин, дар рафти тадбирҳое, ки бо ташкилотҳои ҳамкор гузаронида шуд, дар 92 нуқтаи савдо 3330 адад маҳсулоти ғайриистеъмолӣ ба маблағи 1,5 миллиард сӯм аз фурӯш боздошта шуд.

Баробари ин ба роҳбарони 18 муассисаи савдо огоҳӣ дода, маҳсулотҳои мӯҳлаташ гузаштаро ихтиёран аз байн бурданд.

Аз роҳбарони 32 муассисаи савдо ҷаримаи маъмурӣ ситонда, дар бораи дидани чораҳои дахлдор дар бораи 42 муассисаи савдо ба органҳои прокуратура маълумот фиристода шуд.