бегоҳ амалҳоямонро сарҳисоб намоем
Хурсандиовар аст, ки имрӯз таҳти раҳнамоӣ ва сиёсати одилонаи Сарвари давлатамон эътибор ба бонувон зиёд гашт. Ҳуқуқ ва имконияту имтиёзҳои онҳо бо қонун кафолат мустаҳкам гардида, ташаббусҳояшон ҳамаҷониба дастгирӣ мегардад. Мо ба муносибати Рӯзи байналхалқии зан ва духтарон бо яке аз депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят, педагоги соҳибтаҷриба Дилфуза Равшанова ҳамсӯҳбат шудем.
— Дилфуза, Шумо солҳо боз депутати халқӣ ҳастеду баҳри мардум хидмат мекунед. Бигӯед, ки барои як зан — модар баробари кори рӯзгор, тарбияи фарзандон, фаъолияти педагогӣ намояндаи халқ будан гарон нест?
— Аввало ба сарвари давлат миннатдорӣ изҳор мекунам, ки ба мо — занҳо боварии калон зоҳир намуда, эҳтиром мекунанд ва дар ҳар як баромади худ ба масъалаи занону духтарон ва зиёд кардани сафи онҳо дар корҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ ташаббусҳои нав ба навро пеш мебаранд. Камина низ баробари дигарон аз ин боварӣ сарфароз гашта, пайваста меомӯзам ва меҳнат мекунам. Чӣ хеле ки дар ҳадиси Паёмбарамон оварда шудааст «Амалҳоятон ба ниятҳоятон вобаста аст», ҳама вақт бо кайфияти хуш ба худ ангеза мебахшам, ки ман аз ӯҳдаи ин амалҳо мебароям. Ғайр аз ин, худро зани хушбахттарин меҳисобам, ки соҳиби оилаи хушбахту ҳамсари меҳрубон ва фарзандони аҳли солеҳ ҳастам. Дар ҳамаи корҳоям пеш аз ҳама ба шавҳарам Равшан Кенҷаев такя мекунам. Он кас низ роҳбар ҳастанд, маро хуб фаҳмида, кӯмаки беминнат мекунанд. Ба фикрам, дар зиндагӣ зану шавҳар фикру фаъолияти ҳамдигарро дастгирӣ намоянд, ҳар ду ҳам муваффақ мешаванд.
— Дуруст аст. Аммо барои ба муваффақият сазовор шудани ҳар як фард сабабе мешавад…
— Барои ба мақсад расидан аввало ҳар як фард соҳиби маърифат бошад, китоб хонад, вақтро неъмати бебаҳо дониста, онро беҳуда сарф накунад. Ҳар як дақиқаи умрро ғанимат донад. Боз як ҷиҳати дигар, тарбия аст. Сипас, пеш аз шурӯъ ба ҳар як коре нақша ва стратегия дошта бошад, ин барои пешравии кораш аҳамияти калон дорад. Калиди ҳамаи муваффаққиятҳо хондан аст.
Ман ҳар субҳ дафтарҳои шукрона ва орзуро гирифта корҳои рӯзонаро ба нақша мегираму бегоҳ ба дафтари мақсадҳоям сарҳисоб менависам. Ин бароям ба қоидаи бебаҳову одати рӯзона табдил ёфтааст.
— Тарбияро яке аз калидҳои муваффақият мегӯянд. Оиди муҳити оилаи худ ҳарф мезадед…
— Президентамон Шавкат Мирзиёев дар китобашон «Стратегияи Ӯзбекистони Нав» («Янги Ӯзбекистон стратегияси») «Мероси аз ҳама калон ин тарбияи хуб мебошад» гуфтаанд. Камина низ дар оилаи ба таълиму тарбия хеле сахтгир ҳастам. Модарам Мавлуда Исломова — муаллимаи фанни таърих, падарам Раҳимқул Равшанов археолог, академики фанни таърих буданд.
Ҳар дуяшон ҳам ба мо — се нафар фарзандон меҳрубону сахтгир буда, барои дар мактаб бо баҳои аъло хондани мо эътибори калон медоданд. Хулосаи ман ҳамин аст, ки дар оила бештар тарбия бар зиммаи модар меафтад. Тавре гуфтаанд, дар паси ҳар як шахси бузург зан-модари доною зукко меистад.
— Таманнои Шумо…
Шукронаи Офаридгор, ки мо ҳама дар мамлакати ободу озод зиндагӣ мекунем ва бояд ба қадри ин неъмати олӣ бирасем. Мехоҳам, ки ҳар як бону баробари кадбонуи хуб будан, бояд соҳиби маърифату маънавияти баланд бошад.
Барои ба оилаи хушбахт соҳиб шудан бисёртар хондани китобҳои психологиро тавсия мекунам. Чунки мо бе надонистани рӯҳияти инсон пеш рафта наметавонем ва муомилаю одобро мо аз китобҳои гаронбаҳо меомӯзем. Ҳар як зан машғулоти дӯстдоштаи худро дошта, бо он шуғл варзад, мувофиқи мақсад мешавад. Зеро, мо давомдиҳандагони насл ва тарбиятгари авлоди солиму баркамол ҳастем. Бигзор, ҳамаи бонувон тансиҳату хонаобод бошанд. Идатон муборак бошад, модару хоҳарони азиз!
Мусоҳиб Сарвинисо НАРЗУЛЛОЕВА.
