Ovozi.uz

Намуд ва ҳаҷми маҳсулоти экспортии вилоят меафзояд

Салоҳияти иқтисодӣ

Солҳои охир дар мамлакат, аз ҷумла вилояти Самарқанд чорабиниҳои муҳим бобати ҷалби сармояҳои хориҷӣ, афзунсозии ҳаҷми экспорт, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дар заминаи ин беҳсозии салоҳияти иқтисодии кишвар, ташкили ҷойҳои нави корӣ амалӣ мегарданд.
Афзоиши миёна ба 203 фоиз расид
Вақте ки ба рақамҳо эътибор медиҳем, тӯли солҳои 2019–2023 ҷамъ 1 820 миллион доллари амрикоӣ сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ҷалб карда шудаанд. Ин нишондод дар соли 2019 ҳамагӣ 214,1 миллион доллари амрикоиро ташкил карда бошад, соли 2023 қариб се баробар афзудааст. Яъне 632,1 миллион доллари амрикоиро ташкил кард. Афзоиши миёна дар ин ҳафт соли охир ба 203 фоиз расид.
Қисми асосии сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба сармоҳгузорон Чин(58%), Туркия(15%), Кипр(9%), Аморати Муттаҳидаи Араб(7%), Русия(6%) ва дигар кишварҳо рост меояд.
Инчунин, шумораи корхонаҳои муштарак бо иштироки сармояи хориҷӣ дар вилоят соли 2017 ҷамъ 280 ададро ташкил карда, дар соли 2023 ин рақам ба 556 расид яъне, ду баробар афзудааст.
Ҷуғрофияи содирот васеъ гардид
Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ дар назди ҳар як истеҳсолгар, ҳар як соҳибкори ватанӣ ва содироткунандаи маҳсулот талаботе гузошта шудааст, ки маҳсулоти босифат, рақобатпазир, ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандарти байналмилалиро истеҳсол намуда, бо маҳсулоти содиротшаванда Ӯзбекистонро дар бозори ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд. Хушбахтона, тӯли солҳои охир салоҳияти экспортии вилоятамон низ афзуд. Дар солҳои 2019–2023 аз вилоят маҳсулот бо арзиши умумии 2,2 миллиард доллари амрикоӣ экспорт карда шудааст. Тӯли ин солҳо 590 корхонаи вилоят 656 намуди маҳсулотро ба беш аз 60 кишвари ҷаҳон содирот кардааст. Қисми асосии онҳо маҳсулоти саноатӣ ва меваю сабзавот мебошад. Ғайр аз ин, 24 корхонаи содироткунандаи вилоят дар намоишгоҳу ярмаркаҳои байналмилалӣ иштирок карданд, ки намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии «Heimtextil 2023» (Франкфурт, Олмон), намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти хӯроквории «GULFOOD 2023» (Дубай, Аморати Муттаҳидаи Араб), намоишгоҳи байналмилалии ғизои «TutoFood 2023» (Милан, Италия) ва ғайра аз ин ҷумлаанд.
Ҷуғрофияи содирот ба 5 кишвари дигар — Ветнам, Мексика, Канада, Марокаш, Англия васеъ гардида, ба 60 адад расид.
Дар панҷ сол 7186 лоиҳа татбиқ гардид
Бо як сухан, ҳоло Ӯзбекистон ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ворид гардид ва дар ин раванд густариш додани бахшҳои иқтисодӣ бидуни сармоягузорӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, ҳукумати кишвар бо муаррифии имконияти сармоягузорӣ дар арсаи байналмилалӣ манбаъҳои маблағгузориро ба иқтисодиёти миллӣ пайдо намуда, ҳамкориро бо созмону ташкилоти байналмилалии молиявӣ ба роҳ монд. Маҳз бо ташаббус, дастгирӣ ва роҳнамоии Сарвари давлат ба тамоми бахшу соҳаҳои иқтисодиёт лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷалб гардида, мавриди амал қарор гирифтанд. Ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ободиву пешрафт ва корҳои созандагию бунёдӣ равона шуда, дар ин замина симои шаҳраку деҳот ва инфрасохтори роҳу нақлиёт комилан дигар шуд.
Вақте ба рақамҳо рӯ меорем, дар давоми солҳои 2019–2023 ҷамъ 7186 лоиҳа бо арзиши умумии 56,5 триллион сӯм амалӣ гардида, қариб 80 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.
Аз ҷумла, дар соҳаи саноат 1807 лоиҳа, дар бахши хидматрасонӣ 3598 лоиҳа ва дар самти кишоварзӣ 1781 лоиҳа роҳандозӣ гардид.
Вазифаҳои устувор
Соли равон низ бобати ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ, зиёд кардани намуд ва ҳаҷми маҳсулоти экспортӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ташкили ҷойҳои нави корӣ иҷрои як қатор корҳо пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла, 64 лоиҳа оид ба азхудкунии сармояи мустақими хориҷӣ татбиқ гардида, дар маҷмӯъ 1,2 миллиард доллари ИМА сармоягузории бевоситаи хориҷӣ ва қарзҳои хориҷӣ азхуд карда мешаванд ва ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 ду баробар хоҳад афзуд.
Илова бар ин, дар соли 2024 ба 900 миллион доллари амрикоӣ расонидани ҳаҷми содироти маҳсулотро ба нақша гирифта, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешидашудааст.
Аз ҷумла, афзунсозии ҳаҷми экспорти маҳсулоти бофандагӣ, меваю сабзавот, нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётии он, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноати электротехникӣ ва дигар навъҳои маҳсулоти саноатӣ дар назар аст.
Дар соли 2024 дар натиҷаи роҳандозии корҳои мақсаднок бо корхонаҳои вилоят ва ҷалби беш аз 50 корхонаи нав ба фаъолияти содиротӣ, зиёда аз 10 намуди нави маҳсулот, аз ҷумла семент, арматура, қубур, коллекторҳо, кабелҳои мисин ва воситаҳои кимиёвии муҳофизати растаниҳо ба экспорт бароварда мешавад.
Ғайр аз ин, дар доираи барномаҳои сармоягузорӣ аз ҳисоби роҳандозии 1300 лоиҳа ба маблағи 2,2 миллиард доллари амрикоӣ таъсиси 24 704 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ш.СОБИРОВ,
ҷонишини якуми сарвари Садорати инвеститсияҳо, саноат ва савдои вилоят