Дар шаҳри Самарқанд низ аввалин маркази сервиси шӯъбаи вилоятии ҶММ «Энергияи сабз», ки ба гузоштани панелҳои офтобӣ ва истифодаи онҳо ихтисосонида шудааст, фаъолияти худро оғоз кард. Он ба мизоҷон хизмати техникӣ мерасонад.
— Корхонаи мо дар объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, идораҳои давлатӣ ва бинову иншоотҳои ташкилотҳои дигар дастгоҳҳои қувваашон хурди манбаъҳои қувваи энергияи барқароршаванда мегузорад, истифодаи онҳоро назорат ва ба таври доимӣ мониторинг мекунад, — гуфт сардори шӯъбаи вилоятии ҶММ «Энергияи сабз» Алишер Муталибов. — Инчунин, хизматҳое аз қабили назорати доимии тартиб кори стансияҳои офтобии фотоэлектрӣ, саривақт муайян ва бартараф кардани носозиҳои дар онҳо рӯйдода ва сервиси панелҳои офтобиро мерасонад. Боз як ҷиҳати аҳамиятноки «Энергияи сабз» — мутахассисони мо панелҳои офтобиро аз чанг ва ғубор низ тоза мекунанд.
Ҳоло чунин марказҳои сервисӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Андиҷон, Ҷиззах, Хоразм, Фарғона, Намангон ва Сирдарё фаъолият пеш мебаранд. Дар моҳҳои наздик боз дар 6 вилоят чунин марказҳо ба кор медароянд.
Аввалин маркази сервиси «Энергияи сабз» боз гардид
