Ovozi.uz

Мушкилоти ҷавонони миёнқолӣ омӯхта шуд

Ҳоло омӯхтани масъалаҳои ҳуқуқӣ ва мушкилоти ҷавонон, гӯш андохтан ба дарди онҳо вазифаи пурдолузарби имрӯзаи ҳар як идораи давлатӣ аст. Мақомоти адлияи вилоят барои фаро гирифтани беш аз 30 ҳазор нафар ҷавонони ба система вобасташуда, омӯзиши муроҷиати онҳо ва ҳалли мушкилоти ҳуқуқияшон тадбирҳои дахлдор меандешад.
Аз ҷумла, кормандони Маркази хидматрасонии давлатии Оқдарё ба хонаводаҳои ҷавонони бекори маҳаллаи «Миёнқол»-и ноҳия рафта, муроҷиати онҳоро омӯхтанд. Маълум аст, ки ин мавзеи байни Оқдарё ва Қорадарё аз замонҳои қадим барои деҳқонӣ макони мусоид ба ҳисоб меравад. Дар мулоқот бо кормандони адлия, ҷавонони деҳа асосан барои гирифтани замин баҳри кишоварзӣ кӯмак хостанд.
Хусусан, Лазизҷон Абубакирови 23 сола, ки дар деҳаи Оқбӯйрои ин мавзеъ зиндагӣ мекунад, масъалаи барои кишоварзӣ ҷудо кардани 30 гектар заминро пурсид. Муроҷиати вайро ба қайд гирифта, ҳуҷҷатҳои дахлдор тартиб дода шуданд. Зимни омӯзиш бо зиёда аз 20 нафар ҷавонон мулоқот карда, масъала ва мушкилоти матраҳкардаи онҳо сабт гардид. Албатта, ин масъалаҳоро дар як рӯз ҳал кардан душвор аст. Ин раванд муносибати комплексӣ ва вақтро талаб мекунад. Муроҷиатҳои ҷавонони миёнқолӣ низ якҷоя бо ташкилотҳои дахлдор аз назар гузаронида мешаванд ва иҷрояш таъмин мегардад.
Омӯзиши мушкилоти ҷавонон идома дорад.

Хидмати матбуоти Садорати адлияи вилоят.