Президент Шавкат Мирзиёев рӯзи 15-уми март бо тақдимот оиди ривоҷи атлетикаи вазнин ва инфрасохтори футбол дар маҳаллаҳо шинос гардид.
Қайд гашт, ки дар шаҳри Чирчиқ Маркази атлетикаи вазнин ташкил мегардад. Он муассисаи ихтисосонидашудаи таълим буда, ба бачаҳои синфҳои 7-11 сабақ дода мешавад. Онҳо дар асоси усулҳои пешсаф ба сифати номзад ба дастаҳои мунтахаб омода мегардад. Аз соли хониши 2025-2026 сар карда фаъолият оғоз кардани марказ ба назар гирифта шудааст.
Инчунин, дар ҳомигии Шӯрои федератсияҳои иттиҳоди касаба Клуби варзишии атлетикаи вазнин ташкил мегардад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Наманган, Тошканд ва Самарқанд мактабҳои минтақавӣ кушода мешаванд.
Бо мақсади оммавигардонии атлетикаи вазнин гузаронидани мусобиқаҳои сезинагӣ, чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ ва «Uzbekistan Open» дар назар аст.
Дар маҳаллаҳо ривоҷи инфрасохтори футбол ва васеъсозии соҳа мақсад карда шудааст. Барои ин, аз варзишгоҳ ва дигар майдончаҳои варзишии воқеъ дар маҳаллаҳо самаранок фоида бурда мешавад. Дар ҷойҳои инҳо набуда дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ ин гуна иншоот барпо мегардад. Дар байни мард ва занони тоифаҳои синну солашон гуногун дастаҳои мунтахаби маҳалла таъсис мегардад. Ҷавонони пуриқтидор аниқ карда шуда, ба муассисаҳои футболи касбӣ равона карда мешавад.
Дар ин бора ба сарварони ҷавонони маҳалла шӯъбаҳои минтақавии Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ва мактабҳои варзишӣ кӯмак мекунанд
Инчунин, аз соли равон сар карда, дар асоси таҷрибаҳои ассотсиатсияҳои мактабҳои футболи Англия, аз байни хонандагони синфҳои 8-11сарвари футболи мактаб интихоб карда мешавад. Дар байни 12-15-солагон гузаронидани мусобиқаи дузинагии “Лигаи маҳалла” ва дар байни тоифаҳои синну соли 16-30 мусобиқаҳои сезинагии Ҷоми Хидмати давлатии бехавфӣ ба роҳ монда мешавад. Онҳо барои ривоҷи инфрасохтори футбол, интихоб ва дастгирии ҷавонони пуриқтидор, ташаккули захира барои дастаҳои яккачини миллӣ хидмат мекунад.
Роҳбари давлат ин таклифҳоро маъқул карда, аз рӯйи дар байни ҷавонон мустаҳкам кардани муҳити варзиш ва дӯстӣ, дар дараҷаи баланд ташкил намудани мусобиқаҳо нишондодҳо дод.
